Молоток судьи в суде, архивное фото

Сардори гурӯҳ тоҷик будаст: дар Маскав аъзоёни ДОИШ-ро маҳкум карданд

132
(Таҷдидшуда 18:22 28.11.2018)
Кормандони “ФСБ”-и Русия сади роҳи гурӯҳи ДОИШ-ро, гирифтанд, ки мехостанд дар минтақаи Маскав амали террористӣ анҷом диҳанд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар Маскав аъзоёни гуруҳи ДОИШ (мамнӯъ дар Русия), ки тасмим доштанд амалҳои террористӣ анҷом диҳанд ва ҷавонон барои ҷанг дар Сурия ҷалб мекарданд ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум карданд, хабар додааст дафтари матбуотии идораи “ФСБ” дар шаҳри Маскав ва вилояти назди Маскав.

 Манбаъ афзудааст, ки кормандони “ФСБ”  пеши роҳи як гурӯҳи террористони ДОИШ-ро, гирифтанд ки аъзоёни он ба маблағгузорӣ, ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия ва ва амалҳои террористӣ дар минтақаи Маскав машғул буданд.  

Қайд шудааст, ки роҳбари ин гурӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон Солиҳов будааст, ки дар Туркиё зиндагӣ мекардааст. 

Ҳангоми кофтуков аз макони зисти маҳкумшудагон силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ пайдо карда шудаанд.

“Аъзоёни ин гурӯҳ мувофиқи ҳукми додгоҳи вилояти Маскав, дар ҷиноятҳои дар боло зикргардида айбдор шуда, ба муҳлатҳои тӯлонӣ вориди зиндони низомаш сахт равон шуданд. 28 ноябри соли равон ҳукми мазкур ба кор даромадааст”, афзудааст манбаъ.  

132
Барчаспҳо:
тероризм, ҷиноят, Тоҷикистон, Русия