Арест, архивное фото

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Новокузнетск ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

62
Тоҷири маҳалии вилояти Новокузнетски Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои куштори як мард кироя карда худ пинҳон шудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Додгоҳи вилояти Новокузнетск шаҳрванди Тоҷикистон Саъди Раҷабов, мутаҳам ба қасди одамкуширо ҳукми зиндон кардааст, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии “360” бо истинод ба манбаъи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ба маълумоти тафтишот зодагони Тоҷикистон Саид Раҷабов ва Шовайсудин Ҷумаевро тоҷири маҳали барои ба ҳалокат расонидани иштирокчии мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бозии покер Дмитрий Бучин, кироя карда будааст, то ки қарзашро бар нагардонад.

Ҷинояткорон Дмитрий бучинро поида баъдан ӯро бо тапонча таҳдид карда якчанд корд заданд. Баъди якчан корд фикр кардаанд, ки ҷабрдида мурдааст ва аз ҷои ҳодиса ғайб зада пинҳон шудаанд. Аммо Бучин намурда будааст ва тавонистааст тани нимҷони худро ба роҳи мошингузар барорад, то ки ба ӯ ёрӣ диҳанд.

Саид Раҷабовро дар ин ҷиноят гунаҳкор дониста ба муҳлати 9 сол ба ӯ ҳукми зиндони низомаш махсус, таъйин кардаанд.

Қайд шудааст, ки ҷинояткор дар гузашта, низ барои нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи мухаддир ҳабс шуда будааст.

Шовайсудин Ҷумаев гунаҳкори дуюми ин ҳодиса низ наздики дар назди додгоҳ ба по мехезад. Аммо тоҷири маҳалӣ, ташкилкунандаи ин ҷиноят пинҳон шудааст ва таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

 

 

62
Барчаспҳо:
корд, куштор, Тоҷикистон, Русия