Гурезаҳои Сурия ва Ироқ. Акс аз бойгонӣ

Дур аз таҳсилу кӯмаки тиббӣ: гузориши ЮНИСЕФ аз вазъи муҳоҷирони кӯдак

88
(Таҷдидшуда 12:36 11.12.2018)
Муҳоҷирони наврас ва ҷавон ҳангоми ҳиҷрати иҷборӣ аксаран як сол ва ҳатто беш аз он аз омӯзиш дур мемонанд ва аз хадамоти тиббӣ ҳангоми зарурат бархӯрдор намегарданд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Муҳоҷирони ҷавон аксаран дар пайи ҷангу муноқишаҳо дар кишварҳояшон ба дигар давлатҳо кӯч мебанданд ва зиёда аз 40 дарсади онҳо бе саробон ба сафар мебароянд, гуфта шудааст дар таҳқиқоти Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид - ЮНИСЕФ.

Дар ин таҳқиқот, ки тайи се моҳ сурат гирифтаасту дар конфронси байналмилалии СММ дар Марокаш пешниҳод шуд, 4 ҳазор наврас ва ҷавони аз 14 то 24-сола, ки худро гуреза ё муҳоҷир эътироф кардаанд, иштирок намудаанд. Ин гуруҳи ҷавонон дар кишварҳои гуногуни Аврупо, Африқо ва Осиё қарор доранд.

“Ҳудуди 57 фоизи иштироккунандагони ин таҳқиқот маҷбур будаанд, ки аз сабаби муноқиша ва душвориҳо кишварҳояшонро тарк кунанд, 44%  танҳо ба сафар баромадаанд, 38% на аз наздикон, на аз дӯстон, на аз ягон ташкилот ҳеҷ кӯмаке нагирифтаанд”, - афзудааст манбаъ.

Дар ин ҳол 58 дарсади онҳо як сол ва зиёдтар аз омӯзиш қафо мондаанд, 49% имконияти сари вақт гирифтани табобатро надоштаанд, омадааст дар таҳқиқоти нашршуда.

“ЮНИСЕФ бо нашри ин санад мехоҳад, ки аз роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбароне, ки дар конфронси Марокаш иштирок карданд, даъват намояд, то ки онҳо таъсири сиёсати муҳоҷират ба ҳаёти кӯдаконро ба назар гиранд”, - таъкид шудааст дар матни санад.

“Мо наметавонем роҳи муҳоҷиратро гирем, аммо имкони ҷилавгирӣ аз таҳдид ва табъизеро, ки кӯдакони муҳоҷирон ва гурезаҳо бо он рӯбарӯ мешаванд, дорем”, - гуфт намояндаи ташкилоти байналмилалӣ, мудири раёсати додаҳо, таҳқиқот ва сиёсати ЮНИСЕФ, Лоуренс Шандӣ.

Дар ин ҳол ЮНИСЕФ аз ҳукуматҳои хоҳишманд даъват намудааст, ки ба муҳоҷирони наврасу ҷавон хизматрасониҳои аввалиндараҷа - дастрасӣ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, беҳтар кардани шароити сафари онҳо аз кишвари худ то ба дигар мамлакатҳо ва ҳолати будубоши онҳо дар ҳама даврҳои муҳоҷиратро, муҳайё кунанд.

Дар конфронси байналмилалии СММ рӯзи душанбе дар Марокаш созишномаи амнияти глобалии тартибот ва муҳоҷирати расмӣ бо иштироки ҳайатҳои сатҳи мухталиф аз 150 кишвар тасдиқ шудааст.

 

88
Барчаспҳо:
дастгирӣ, кудак, муҳоҷират, СММ
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Бино бар пандемия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав бекор монданд

390
(Таҷдидшуда 18:55 16.09.2020)
Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони пандемия бекор монданд ва теъдоди ками онҳо барои худ пул захра карда буд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи таҳлилҳои Гурӯҳи таҳқиқоти муҳоҷират ва этнетикии Русия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони паҳншавии вируси корона бекор монданд.

Коршиносон миёни муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи таъсири пандемия ба кору зиндагии онҳо дар Маскав назарсанҷӣ анҷом доданд.

Зимни назарсанҷӣ маълум шуд, ки 74 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми пандемия аз кор хориҷ ё ба рӯхсатии бардавом меҳнатӣ бидуни пардохти маблағ равон карда шуданд.

Ҳамзамон зимни ин назарсанҷи маълум шуд, ки танҳо 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар даврони пандемия пул захира кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 13 дарсади муҳоҷирон корӣ барои муҳлати дарозтар пули бештар захира кардаанд.

Ҳамчунин зимни гуфтугӯ бо рӯзномаи “КП” раиси федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, гуфт аксари муҳоҷирон омода буданд, пулҳояшонро сарфа кунанд. Ба гуфтаи вай муҳоҷирон мехостанд пандемияро дар Маскав  паси сар кунанд то барои кор ба кишварҳои мухталиф нараванд.

“Бештар кор дар минтақаҳои гуногуни Русия дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасид. Дар сомона беш аз 7-8 ҳазор нафар сабти ном шуда буд. Аз ҳамин ҳазорҳо нафар танҳо 40 нафар барои кор омодагии худро нишон доданд”, - таъкид дошт Коженов.

Вай илова кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав омода буданд бо хароҷоти ночиз бимонанд ва баъд аз маҳдудиятҳо ба кори пешина ё ба кори монанд баргарданд.

“Як одат шудааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия барои кор кардани пул  меояд, то ки як қисми пули коркардаашро барои оилааш равон кунад. Аммо баъзеҳояшон дигар мақсад доранд. Онҳао ба Маскав меоянд ва мегуянд: ман мехоҳам дар ин шаҳр бимонам ва ҳар коре бо ман кунед ман аз ин ҷо  ҳеҷ куҷо намеравам”, таъкид кард раиси раиси федератсияи муҳоҷирони Русия.

390
Барчаспҳо:
теъдод, захира, пул, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷират, Маскав, Русия
Процедура дактилоскопии, архивное фото

Аз изи ангушт то...: генерал Казакова гуфт, муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна назорат мешаванд

349
(Таҷдидшуда 10:51 13.09.2020)
Сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова, зимни як нишасти гуфт, ки муҳоҷирон  чигуна назорат мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Валентина Казакова гуфт, ки тамоми технологияҳои нави мавҷуда аз ҷониби Раёсати муҳоҷират барои назорати омадани хориҷиён ба қаламрави Русия истифода мешаванд.

Сардори Сарраёсати муҳоҷират гуфт, ки муҳоҷирони зиёде, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, маълумотҳои муқаррарии худро тағир додаву дубора меоянд.

Аммо, тавре Казакова қайд кард, маълумоти изи ангуштро фиреб додан мумкин нест.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки зарурати гузаштани изи ангушт ба тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки зиёда аз 30 рӯз меоянд, вуҷуд дорад.

Инчунин, барои ҳисоб кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аллакай ба Русия ворид шудаанд, системаи шинохти чеҳра истифода мешавад.

Казакова: пандемия Русияро ба соддагардонии ҳаёти муҳоҷирон водор кард

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки барои ҳамаи онҳое, ки ба Русия меоянд, инчунин ташхиси тиббӣ талаб карда мешавад.

Ӯ гуфт, вақти он расидааст, ки чизеро тағир диҳем ва онро ба самти беҳтар равона созем.

349

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

0
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон