Паспотр РФ, архивное фото

ВУД Русия: теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки шиносномаи русӣ гирифтанд 4% зиёд шудааст

93
(Таҷдидшуда 13:28 18.12.2018)
Бештар ба Русия шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд меоянд. Аксари нафароне, ки ба Русия барои кору зиндагӣ меоянд шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Укроин мебошанд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Дар соли равон теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки соҳиби шиносномаи Русия гардиданд 4 дарсад афзоиш ёфта ба беш аз 239 ҳазор нафар расидааст, иттилоъ додааст сомонаи расмии ВУД Русия.

Тибқи маълумоти сомонаи расмиит ВУД Русия аз моҳи январи то ноябри соли 2018 шаҳрвандии Русияро беш аз 239 ҳазор нафар ба даст овардааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 дарсад зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба қайди муҳоҷиратӣ дар ҳамин давраи соли ҷорӣ беш аз 16,5 миллион нафар гузоштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 дарсад кам мебошад.

Тавре, ки Федератсияи муҳоҷирони Русия иттилоъ додааст бештар ба Русия шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд меоянд. Аксарияти нафароне, ки ба Русия меоянд, шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Укроин мебошанд.

Тибқи омори расмии Русия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16 324 шаҳрванди Тоҷикистон дорои шиносномаи Русия шуданд.

93
Барчаспҳо:
шаҳрвандии Русия, шаҳрвандӣ, муҳоҷират, Русия, Тоҷикистон