Мигранты, архивное фото

Раҳмон гуфт, ки чаро шумораи муҳоҷирони тоҷик кам шудааст

585
Ба гуфтаи раисҷумҳур, шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар се соли охир то 25 дар сад кам шудааст

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфт, ки шумораи муҳоҷирони тоҷик дар се соли охир то 25 дар сад кам шудааст.

Раисҷумҳур афзуд, ки дар соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохолӣ дар сатҳи 7,3 дар сад ҷамъбаст гардида таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.

"Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид", - афзуд вай.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

585
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)