Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото

Нархи Патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав боло рафт

695
(Таҷдидшуда 11:17 02.01.2019)
Нархи Патент барои фаъолияти муҳоҷирон дар шаҳри Маскав то ба 5 ҳазор рубл расид

ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Арзиши патенти корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав аз 1 январи соли 2019 аз 4,5 ҳазор ба 5 ҳазор рубл расид.

Парлумони шаҳри Маскав, дар охири моҳи ноябри соли 2018 дар ин бора ба қонун тағйиру иловаҳо ворид карда буд.  

Ба гуфтаи раиси комиссияи сиёсати иқтисодӣ ва молиявии парлумони шаҳри Маскав Людмила Гусева, ба шаҳри Маскав бояд муҳоҷироне биёянд, ки дорои маълумоти олии касбӣ ҳастанд ва тавоноии кор дар шаҳри Маскавро доранд.  

Қаблан вай таъкид карда буд, ки боло бурдани нархи Патент, барои пур кардани буҷаи кишвар кумак мерасонад ва маблағҳои воридшуда ба ниёзмандиҳои иҷтимоӣ равон карда мешаванд.

Дар баробари тасмими шаҳри Маскав дар бораи боло бурдани нархи патент барои муҳоҷирон, чунин тасмимро парлумони вилояти назди Маскав низ гирифт. Аз 1 январи соли 2019 дар ин минтақа нархи патент 450 рубл зиёд шуда ба 4 ҳазору 750 рул расидааст.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, дар натиҷаи ҷори намудани патент сатҳи содир намудани ҷиноят аз тарафи муҳоҷирон дар пойтахти Русия коҳиш ёфтааст.

“Ҳоло беш аз 70 дар сади муҳоҷирони меҳнатӣ сабти иқомат мекунанд ва патент мегиранд. Онҳо дар бораи худ пурра маълумот мегузоранд ва мо онҳоро мебинем ва медонем дар куҷо ҳастанд. Ин раванд  содир намудани ҷиноят дар соҳаи муҳоҷиратро коҳиш додааст”, - эълон карда буд Собянин.

695
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Маскав, болоравии нарх, гирифтани патент, патент, Тоҷикистон