Ситуация в Магнитогорске в связи с обрушением подъезда жилого дома

Ба намози бомдод хесту одамонро наҷот дод: қаҳрамонии Абдуллоев дар Магнитогорск

542
Абдуллоев барои адои намози бомдод саҳарии барвақт бедор шуд. Вақте ба намоз истод садои таркиш баланд шуд, ӯ дарҳол ба кӯча давид

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Як шаҳванди Узбакистон Алан Абдуллоев дар ҳодисаи Магнитогорск 8 нафарро наҷот дод. 

Бино бар иттилои Sputnik Узбекистон, Алан субҳи барвақт барои адои намоз бедор шуд. Вақте ӯ ба ҷойнамоз истод, садои таркиш баланд шуд. Алан зуд либоси гармашро пӯшида, ба берун давид.

"Зане байни шикаставу вайронаҳо меистод. Ҳоло муайян кардан мушкил аст,  ки кадом қабати бино буд. Ман аз байни тӯдаҳо боло шуда, ба онҳо кӯмак кардам, ки поён фароянд", - ба ёд меорад ҷавон.

Пас аз он, ки наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҷавон ба онҳо кӯмак кард.

"Ман ба наҷотдиҳандагон нишон медодам, ки дар куҷо одамонро дидам. Ва онҳо ба ҳамон ҷо рафта, дар ҷустуҷӯи одамон мешуданд", - нақл мекунад Абдуллоев. 

Дар рафти амалиёти бозҷӯӣ ба ҷавон даст дод, ки алангаи манзилеро хомӯш карда, аз он пиразанеро наҷот диҳад.

"Сипас мо бо наҷотдиҳандагон аз зери вайронаҳо одамонро мебаровардем. Ҳамагӣ ҳамон саҳар ман наздики 8 нафарро наҷот додам", - афзуд ҷавон.

Дар ҳамин ҳол, Абдуллоев худро қаҳрамон намеҳисобад.

"Ман худро қаҳрамон ё ситора намеҳисобам. Мусалмони ҳақиқӣ доим ба кӯмак ба дигарон омода аст", - таъкид мекунад вай.

Алан Абдуллоев зодаи вилояти Сурхандарёи Узбакистон аст. Ӯ 8 сол пеш ба Русия омад. Феълан дар сохтмон кор мекунад. Алан 23 сол дорад. Шаҳрвандии Русияро нагирифтааст, вале мехоҳад шаҳрванди Русия шавад.

Фоҷиаи Магнитогорск

Субҳи 31 декабр дар Магнитогорск дар пайи таркиши газ яке аз подъездҳои бинои баландошёна фурӯ рафт.

Дар пайи ҳодиса 39 тан ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ин фоҷиа 4 шаҳрванди Тоҷикистон низ мутаассифона шаҳид гаштанд. Имрӯз, 6 январ ҷасади модар ва се фарзандаш ба Тоҷикистон равон карда шуд.

542