Шаҳрвандони хориҷӣ дар маркази муҳоҷиратии Маскав, акс аз бойгонӣ

Даромади буҷаи Маскав аз патенти муҳоҷирон 12 дарсад зиёд шуд

64
Даромади буҷаи Маскав аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ 12 дарсад боло рафта, ба 15,9 миллиард рубл баробар шуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Владимир Ефимов, муовини раиси Маскав мегӯяд, тайи моҳҳои январ – ноябри соли 2018 даромади буҷаи шаҳр аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ 12 фоиз боло рафта, ба 15,9 миллиард рубл баробар шудааст, навиштааст хабаргузории “Москва”.

Ефимов гуфтааст, муҳоҷироне, ки соли 2018 дар Маскав такроран патент гирифтаанд 61 дарсадро ташкил дод. Ӯ изҳори умед кард, ки ин нишондод дар соли 2019 коҳиш нахоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли равон нархи моҳонаи патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав 500 рубл боло рафта, ба 5 ҳазор рубл баробар шуд.

Ҳамзамон даро вилояти Маскав низ аз аввали сол нархи патент 4 ҳазору 750 рубл муқаррар гардоид, ки нисбати нишондоди соли гузашта 450 рубл қиматтар аст.

Патент яке аз асноди муҳим барои фаъолияти қонунии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар қаламрави Русия арзёбӣ мешавад. Ин санад барои атбои кишварҳое, ки узви Иттиҳоди АвруОсиё нестанд, аз қабили Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Украина ва Молдова зарур мебошад.

64
Барчаспҳо:
буҷа, даромад, патент, муҳоҷират, Русия-Маскав