Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото

Русия аз ҳисоби фурӯши патент 57 миллиард рубл даромад гирифт

319
(Таҷдидшуда 14:41 26.01.2019)
Мутахассисони кишвар дар соли 2018 ба 1,7 миллион муҳоҷир патент додаанд

ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Роҳбари раёсати муҳоҷиратии Вазорати умури дохилаи Русия Валентина Казакова хабар додааст, ки Русия дар соли 2018 аз ҳисоби фурӯши патент 57 миллиард рубл даромад гирифт.

Вай афзудааст, ки соли гузашта мутахассисони марказҳои муҳоҷиратӣ дар умум 1,7 миллион патент ба тартиб дароварданд.

Пештар маълум гашта буд, ки аз моҳи январ то моҳи ноябри соли 2018 даромад аз фурӯши патент дар Маскав то 12 дар сад афзуда, 15,2 миллиард рублро ташкил намуд.

Ҳамчунин қайд карда мешуд, ки 61 дар сади муҳоҷирон дар соли 2018 бори дувум патент гирифтаанд.

Ёдрас мешавем, бино бар қарори вакилони рус, арзиши андози патент аз 1 январ дар чанд минатақаи Русия, аз ҷумла Маскав гарон шуда, дар пойтахт он 5 ҳазор рублро дар як моҳ ташкил медиҳад.

319