Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Зани тоҷикро дар қабристони Хованскии Маскав таҷовуз карданд

2625
(Таҷдидшуда 19:43 29.01.2019)
Дар Маскав як зани тоҷикистонӣ ба пулис шикоят кардааст, ки ӯро дар қабристони Хованский таҷовуз ва ғорат карданд

 ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар қабристони Хованскии Маскав ба як зани тоҷикистонӣ бо корд таҳдид карда, таҷовуз ва ғорат карданд, хабар медиҳад оҷонсии иттилоотии шаҳрии "Москва".

Зан рӯзи гузашта, 28 январ ба пулиси Маскав дар ин бора шикоят бурдааст.

Ба гуфтаи ҷабрдида, 25 январ дар ҳудуди қабристони Хованский ба вай марде дарафтода, аввал таҷовуз ва сипас ғорат кардааст.

Тавзеҳ дода мешавад, ки мард бо корд таҳдид карда, аз зан 5 ҳазор рубл ва ангуштарии тиллоиашро рабудааст.

Кормандони пулис парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, тафтишот идома дорад.

2625