Зани тоҷикро баъди гум кардани кӯдакаш аз Русия ихроҷ мекунанд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВид на улицу из окна, архивное фото
Вид на улицу из окна, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Челябинск як зани тоҷик кӯдаки хурдсолашро дар хона танҳо гузашта, ба мағозаи назди манзилашон баромадааст. Ӯ ба хона баргашта, мебинад, ки тифлаш нест

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки кӯдаки панҷсолаашро гум карда буд, аз Русия бо кӯдакаш депорт мекунанд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллии Русия.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар Челябинск сокинон аз кӯча кӯдаки нимбараҳнаеро пайдо карданд. Ӯ дар ҳавои сард бо либоси тунук ва пойафзоли тобистона мегаштааст. Роҳгӯзарон кӯдакро ба пулис супорида буданд.

Бино бар иттилои РВУД Русия кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳувияти волидони кӯдакро муайян карданд - ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

Барои аз пулис гирифтани кӯдак амакаш Лазиз рафтааст ва тавзеҳ додааст, ки барои чӣ писарак дар кӯча монд. Ба гуфтаи вай, субҳи ҳамон рӯз падари писарак ба шаҳри дигар рафта будаасту ӯ бо модараш дар хона  мондааст. Вақте зан кӯдакро дар хона гузашта ба мағозаи назди манзилаш мебарояд, писарак гум мешавад.

Маълум шудааст, ки зан 28 сол дошта, забони русиро намедонистааст ва қавонуни будубош дар Русияро низ нақз кардааст.

Додгоҳи шаҳр баъди ин қазия занро 2 ҳазор рубл ҷарима карда, аз кишвар якҷо бо кӯдакаш ихроҷ кардааст.

Ҳоло ин зани тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирон қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0