Рабочие во время строительства, архивное фото

Нуфузи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия 1 дарсад кам шуд

386
(Таҷдидшуда 17:15 07.02.2019)
Намояндагони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ эълон намудааст, ки дар ҷумҳурӣ тайи панҷ соли охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ  соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли 2017  се ҳазору 581  нафар ё 1 дарсад камтар шудааст, иттилоъ додааст Эмин Сангинзода, муовини якуми Вазири меҳнати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Бино бар итттилои манбаъ, 424 ҳазору 490 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ соли гузашта  ба Ватан баргаштаанд, ки аз хусусияти мавсимӣ доштани муҳоҷирати меҳнатӣ дарак медиҳад.

Эмин Сангинзода, гуфт, ки вазъи будубош ва  фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар гаштааст.

Хамчунин афзуд, ки  яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ –ин дар мамлакат таъсис додани ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад.

Ба иттилои номбурда, ҳамкорӣ бо  давлатҳои асосии  қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла бо Русия Қазоқистон  тақвият ёфта, соли 2018 масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои мухталифи муҳоҷирати меҳнатӣ бо ин кишварҳо дар 7 ҷаласаву вохўриҳо, нишастҳои сатҳи баланд ва гурўҳҳои кориву коршиносон баррасӣ  гардиданд.

Масъулини вазорат таъкид намуд, ки айни ҳол ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба ғайр аз  Русия ва Қазоқистон  бо  давлати Қатар низ тавсеа меёбад.

Масъулини вазорат гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир Вазири меҳнат Тоҷикистон Сумангул Тағойзода барои баррасии ин масъала ба ин кишвар сафар кардааст.

“Бо ин мақсад ояндаи наздик гурӯҳи кории коршиносон байни Тоҷикистон ва Қатар   таъсис дода мешавад, ки  дар он масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт”, - афзуд  Эмин Сангинзода.

386
Барчаспҳо:
коҳиш ёфтан, раванди муҳоҷират, Қазоқистон, Русия, муҳоҷирон, Муҳоҷират, муҳоҷир, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Путин гуфт, Русия ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон ниёз дорад

1747
(Таҷдидшуда 17:54 04.07.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия барои рушди иқтисодӣ ба муҳоҷирон ниёз дорад, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо лоиҳакашони ислоҳоти конститутсионӣ.

"Русия ба воридшавии муҳоҷирон манфиатдор аст, вале ба онҳое, ки ба кишвар лозиманд.<...> Русия ба воридшавии шаҳрвандони ҷадид ниёз дорад.<...> Чизе, ки ба иқтисод вобаста аст, комилан возеҳ аст ва пас аз чанде боз норасоии қувваи корӣ аёнтар хоҳад шуд", - гуфт президент.

Путин нарасидани қувваи кориро барои пешрафти иқтисоди кишвар монеъаи ҷиддӣ хонда аз онро аз мушкилоти мубрам гуфт.

Паспорта РФ в процессе производства
© Sputnik / Владимир Астапкович

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки  Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ, ниёз дорад.

Дар баробари ин кишвардор қайд кард, ки дар раванди ҷалби муҳоҷирон набояд ҳуқуқи шаҳрвандони Русия нақз шавад.

Путин афзуд, ки Русия бамаротиб хостори воридшавии донандагони забони русӣ ва фарҳанги ин кишвар аст.

1747
Барчаспҳо:
муҳоҷират, баррасии воридшавӣ, муҳоҷирон, Владимир Путин
Таджикские мигранты застрявшие на границе Казахстана и Узбекистана

Беш аз 700 муҳоҷири дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда ба Тоҷикистон баргаштанд

263
(Таҷдидшуда 10:57 04.07.2020)
Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 700 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Мавҷи сеюми муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, тақрибан 700 нафар, аз ҷумла 41 кӯдакро фаро гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Созмони байналмилалии муҳоҷират.

Манбаъ қайд кардааст, ки ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол ва ироаи ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони дармонда бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт.

Дар ҳафтаҳои ахир, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон омада буданд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла кӯдакон ва модаронашон дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони СБМ дар ҳамкорӣ бо созмони маҳаллии иҷтимоии Сана Сезим ба муҳоҷирон об, ғизо, маводи беҳдоштӣ тақсим кард. ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар бозгашти кӯдакон ба хонаҳояшон кӯмак расонид.

Бояд қайд кард, ки бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд. СБМ ва ЮНИСЕФ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол, ва ватани муҳоҷирон даъват намудааст, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармонда, аз ҷумла кӯдаконро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.

263
Барчаспҳо:
дармонданд, Ӯзбекистон, Қазоқистон, бозгашт, Ҳукумат, СММ, кӯдакон, муҳоҷират, муҳоҷирон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 8 июля

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 21:55 07.07.2020)
Рӯзи ҳаштуми июл дар Тоҷикистон аз Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Дар Русия бошад Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат қайд гирифта мешавад

Рӯзи 8 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.

Соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1948 бомбаандози реактивии "Ил-28" аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии "Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.

Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома дод.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи "The Wall Street Journal", ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

Cоли 2004 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти  минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Cоли 2010  дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария  Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

Дар Русия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Николай Каюков.

Соли 1948 – рассом Раҳматулло Абдураҳмонов.

Соли 1950 – ходими давлатӣ Бобохон Маҳмадов.

Соли 1959 – ҳофиз, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Усмоналӣ Раҳматов.

Соли 1964 – раққоса, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Заррина Ёдгорова.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон