Задержанный преступник, архивное фото

Шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҷонибдории теракт дар метрои Петербург ҳабс карданд

157
Як шаҳрванди Тоҷикистон Алишер Ҷӯраев, ки дар Русия ронанда будааст, барои нашри номаҳо дар интернет, ки ҳодисаи терактро дар метрои Петербург ҷонибдорӣ мекунад, ба ду моҳ равонаи зиндон шудааст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Приморски шаҳри Санкт-Петербург Алишер Ҷӯраев як шаҳрванди Тоҷикистонро равонаи СИЗО кардааст. Ҷӯраев дар интернет маводҳоеро нашр кардааст, ки ҳодисаи терактро дар метрои Санкт-Петербург ҷонибдорӣ мекунад.

Бино бар иттилои тафтишот, Ҷӯраев пас аз инфиҷор дар барномаи "Zello" дар шабакаи "Роҳбалад ба давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия, гурӯҳи террористӣ), ду сабти овозӣ ҷой додааст.

Сабтҳо терактро дар метро ҷонибдорӣ мекардаанд.

Алишер ба ду моҳ равонаи зиндон шудааст. Ӯ дар "Яндекс-Такси" ронанда, оиладор ва соҳиби ду фарзанд будааст.

Теракт дар метрои Санкт-Петербург 3 апрели соли 2017 анҷом дода шуда буд. Дар пайи ҳодиса 16 тан, аз ҷумла террористи маргталаб ҳалок ва 67 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

157