Вывеска торгово-ярмарочного комплекса Москва

“Рейд”-и кормандони пулис дар МС “Москва” ва бозори “Садовод”-и шаҳри Маскав видео

254
(Таҷдидшуда 16:21 11.03.2019)
Дар ҳудудҳои маркази савдои “Москва” ва бозори “Садовод” пулиси шаҳри Маскав амалҳои кофтукобӣ ва "рейд" гузаронидаистодааст, ки сабаби асосиашон маълум нест

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Кормандони пулиси шаҳри Маскав дар маркази савдои “Москва” ва бозори яклухти “Садовод” “рейд”-и профилактикӣ гузаронидаанд, иттилоъ додааст телешабакаи 360.

Дар ҳудуди маҷмааи савдои “Масква” амалҳои кофтукоби аз тарафи кормандони пулис гузаронида шудаистодаанд ва даромад ба бозори яклухт махкам шудааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

ТЦ Москва 🙄🙄🙄

Публикация от Марипов (@maripov0708)

Сабабҳои асосии ин “рейд” то ҳол номаълуманд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо яке аз сабабҳои кофтукоб ва тафтишот ин қоидавайронкуниҳои барзиёд дар МС “Москва” дониста мешаванд.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки дар бозори “Садовод”, низ аз ҷониби кормандони пулис  “рейд”-и прафилактикӣ гузаронида шудаистодааст.

Дар ин ҳол бозор махкам карда нашудааст ва чун ҳарвақта фаъолияташро давом додаистодааст.

“Садовод” яке аз калонтарин бозорҳои яклухту чакана дар ҳудуди Русия ба шумор меравад. Ин бозор дар масоҳати 40 гектар замин бунёд шуда дар он зиёда аз 8 ҳазор дуконҳои савдо ҷойгир шудаанд.  

254
Барчаспҳо:
бозори "Садовод", савдо, муҳоҷират, Маскав