Экзамен по русскому языку для мигрантов, архивное фото

Муҳоҷирони маъюбро аз супоридани имтиҳони забон ва таърих озод мекунанд

89
(Таҷдидшуда 01:26 15.03.2019)
Шӯрои федералии Русия бовар дорад, ки чунин тадбир мушкилоти имтиҳонсупории маъюбони гурӯҳи аввалро аз байн мебарад

Душанбе, 15 мар-Sputnik. Шӯрои федералии Русия пешниҳод карда, ки муҳоҷирон-маъюбони гурӯҳи аввалро аз супоридани имтиҳони забони русӣ ва таърих озод кунанд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ба ҳукумат пешниҳод шуда, ки муҳоҷирони бемор ё худ маъюбони гурӯҳи аввалро аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва ҳуқуқ озод кунанд",-омадааст дар пешниҳодномаи Шӯрои федералии Русия.

Қайд мешавад, ки чунин тадбир мушкилоти имтиҳонсупории маъюбони гурӯҳи 1-ро, бартараф хоҳад кард.

Ба гуфти муовини аввали раиси Шӯрои федералии Русия, Людмила Бокова, соли гузашта барои гирифтани патент ва иҷозаи иқомат беш аз ду миллион муҳоҷир имтиҳон супурдаву, 270 ҳазор нафар барои гирифтани шаҳрвандӣ имтиҳон супоридаанд.

Дар давоми чор соли охир бошад, беш аз чаҳор миллион шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имтиҳон супоридаанд.

Бокова қайд карда, ки дар давоми солҳои қабули қавонини муҳоҷират, нуқсонҳои зиёди ин қонун ошкор шуда, ки пай дар пай ҳал хоҳад шуд.

89
Мавзуъ
Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират шаш созишномаи нав мебанданд
Муҳоҷират ин ҷасорату ирода аст: ҷаҳон рӯзи муҳоҷирро таҷлил мекунад - навор
Коршинос: барои Тоҷикистон идораи селаи муҳоҷират машкил аст