Поезд из Средней Азии, архивное фото

Муҳоҷирон дар соли 2019 ба Тоҷикистон 2 миллиарду 535 миллион доллар интиқол доданд

123
Соли 2018 аз Русия ба Шветсария 9,1 миллиард доллар ва ба Ӯзбекистон беш аз 4 миллиард доллар пул интиқол шуд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Соли гузашта ҳаҷми интиқоли пули афрод аз Русия ба Тоҷикистон 17 миллион доллар рушд кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи Бонки марказии Русия, соли гузашта ба Тоҷикистон 2 миллиарду 535 миллион доллар пул интиқол шуд, ки ин баробари 36 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон мебошад. Соли гузашта ҳаҷми ТНД Тоҷикистон бештар аз 7 миллиард доллар буд.

Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия баъди Шветсария ва Узбакистон савумин кишвар мебошад.
Соли 2018 аз Русия ба Шветсария 9,1 миллиард доллар ва ба Узбакистон беш аз 4 миллиард доллар пул интиқол шуд.

 

Чанде пеш коршиноси рус Алисен Алисенов сабабҳои асосии кам шудани даромади тоҷиконро дар Русияро шарҳ дода буд.

Ба гуфтаи Алисенов, кишварҳои ИДМ, ки пештар ба Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд, аз лиҳози иқтисодӣ бо Русия иртиботи бузург доранд.

"Ҳаҷми асосии содироти маҳсулоти кишварҳои зикршуда ба Русия фиристода мешаванд. Бо далели ворид шудани таҳримҳо ва беқурбшавии пул дар кишварҳои ИДМ ҳаҷми содироти онҳо ҳам камтар мешавад. Ин сабабҳои умумӣ мебошанд, ки қариб ба тамоми кишварҳо тааллуқ доранд", - мегӯяд дотсенти кафедраи иқтисод ва молияи РАНхиГС Алисен Алисенов.

Ба гуфтаи Алисенов, дар Тоҷикистон нархҳо бо чанд далел гарон мешаванд.

"Яке аз онҳо - поён шудани арзиши ҷаҳонии алюминий ва пахта мебошад, ки Тоҷикистон асосан ин колоҳоро содирот мекунад. Ҳамчунин кам шудани интиқоли пулии муҳоҷирон низ яке аз сабабҳои асосит. Даромади муҳоҷирони тоҷик хело кам шудааст", - таъкид мекунад коршинос.

Афзун бар ин, ихроҷи сармоя аз кишвар ва беқурбшавии пули миллӣ боиси таваррум шудааст, афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршинос, таваррумро метавон дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ суст кард.

"Таваррумро бояд бо роҳи дида баромандани сиёсати нархгузорӣ, паст кардани андоз, арзон кардани хизматрасониҳои ҳаётан муҳим ва бардоштани мамониятҳо байни савдои кишварҳои ИДМ паст кард", - маслиҳат медиҳад вай.

123