Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Патентро арзон, имтиҳонро осон ва муҳоҷиронро "авф" кунед: 3 пешниҳоди Расулзода ба Русия

6147
Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Русия пешниҳод кардааст, ки арзиши патент ва андозҳоро барои муҳоҷирони тоҷик арзон кунанд ва як маъракаи дигари қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кард, ки маъракаи дигари қонунигардонии будубоши муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия баргузор карда шавад, хабар додааст нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.

Нахуствазир дар бораи зарурати  баргузор кардани як маъракаи дигари қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирони қайриқонунии тоҷик дар Русия ва муҳоҷирони хориҷшуда таъкид намудааст.

"Ҳамчунин бояд ҳаҷми арзиши патент, андозҳо арзон карда шуда, имтиҳонҳо барои гирифтани патент дар бораи забони русӣ, фарҳанг ва торихи Русия осон карда шавад", - гуфтааст ӯ дар иҷлосияи 16-уми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид.

Афзун бар ин, Расулзода иқдоми Русияро дар сохтмони 5 мактаби русӣ дар Душанбе махсус қайд кардааст.

Ёдрас мешавем, дар соли 2017 дар пайи маъракаи авф дар Русия 122 ҳазор муҳоҷирони тоҷик будубоши худро қонунӣ карданд.

6147