Трудовые мигранты работающие на стройках. Архивное фото

ВКД ба волидон: бо фарзандонатон дар муҳоҷират суҳбатҳои "муфид" кунед

256
(Таҷдидшуда 14:15 22.03.2019)
Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ нигарон аст.

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Рӯзи 22 март бо дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД, сардори РВКД дар нохияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо мардуми ҷамоати Ҳоит вохӯрд. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури дохила хабар медиҳад.

Мавзуъи аслии ин дидор, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои террористию экстремистӣ буд.

Сардори Раёсати ба сокинони ҷамоати деҳоти Ҳоит сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои террористию экстремистӣ тариқи слайд ва пахши видео-роликҳо фаҳмонидааст.

Ӯ гуфтаст, ки  ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани фарзандонашон бо онҳо пайваста дар тамос бошанд ва сӯҳбатҳои муфид гузаронанд.

"Дар рафти вохӯрӣ бо мардум ва имомхатибони масҷидҳо аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва насли ҷавон бетараф набошанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд",-омадааст дар хабарнома.

Дар интиҳо сокинони ҷамоати деҳоти Ҳоит ба саволҳои худ посух гирифтаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Перм шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даъват ба ДОИШ дастгир кардаанд.

256
Мавзуъ
Султонов баъди сафари Сурия барои таблиғи ДОИШ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд
Ҳушдори ВУХ Русия аз роҳёбии мармузи ҷангиёни “ДОИШ” ба Афғонистон