Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян

Симонян ба вакилони парлумони Русия пешниҳод кард, ки қавонини муҳоҷиратро такмил диҳанд

1145
(Таҷдидшуда 13:08 03.04.2019)
Маргарита Симонян, сармуҳаррири ОИБ “Россия сегодня” ва шабакаи телевизионии RT, эълон кард, ки масъалаи такмили қавонини муҳоҷиратро бо мақомот борҳо ба миён гузоштааст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Маргарита Симонян, сармуҳаррири ОИБ “Россия сегодня” ва шабакаи телевизионии  RT, ба вакилони парлумони Русия пешниҳод намудааст, ки қавонини муҳоҷиратро такмил диҳанд, то ҳамватаноне, ки мехоҳанд ба Русия баргарданд ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ нашаванд.

“Ин хоҳишро ман дар куҷое набошам ҳамеша ба мақомот мерасонам. Дар соли 2002 ман гуфтугӯи мустақими телевизионӣ бо раисҷумҳури Русия аз Душанбе барандагӣ мекардам. Раисҷумҳур дар ҳамин гуфтугӯ ба сарбози рус Козлов ваъда дод, ки шаҳрвандии Русия медиҳад. Ҳодисаи таърихи буд. Ҳамон замон Путин гуфта буд, ки қавонини муҳоҷирати кишвар ба такмил ниёз дорад. 17 сол гузашт. Ман аз Шумо хоҳиш дорам қавонинро такмил диҳед”, - гуфт Маргарита Симонян зимни муҳокимаи парлумонӣ дар Думои давлатии Русия.

Симонян таъкид намуд, ки RT барои ҳамватаноне, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд ва замони гирифтани шаҳрвандӣ  бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд, барномаи махсус роҳандозӣ кардааст.

Тавре, ки намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия доир ба ҳамкориҳои фарҳангӣ Михаил Швидкой эълон кардааст, Русия бояд дар умум тамоми қавонини муҳоҷиратро бозбинӣ намояд.

“Ба Русия на танҳо ҳамватанони мо, балки шаҳрвандони дигар кишварҳои ҳамсуд низ меоянд. Онҳо мехоҳанд дар Русия кору зиндагӣ кунанд. Ба Русия мутахассисони бо истеъдод меоянд, ки Русия ба онҳо ниёз дорад”- қайд намуд намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия Михаил Швидкой.     

1145
Барчаспҳо:
Парлумон, Русия, қавонин, муҳоҷират, муҳоҷират, Тоҷикистон

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

219
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

219
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия
Арест, архивное фото

Боздошти сокини Петербург барои қатли муҳоҷири тоҷик: ҷавони 22 - соларо буғӣ карда кушт

545
Дар Санкт - Петербурги Русия як марди 48 - сола ба гумони қатли муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург кушта шуд, хабар медиҳад нашрияи Петербург. ру.

Ба иттилои манбаъ, хабари кушта шудани муҳоҷирро ба мақомоти пулис марди 45 - сола расонд. Гуфта мешавад муҳоҷири тоҷик дар хонаи ин мард ба ҳайси иҷоранишин зидагӣ мекард.

Вазорати меҳнат гуфт, дар шаш моҳ чӣ қадар муҳоҷир ба Русия рафт

Манбаъ меафзояд, ҷавони 22 - соларо нахуст кӯфтанд ва сипас аз роҳи буғӣ кардан ба қатл расонданд.

Зимнан, кормандони пулис ба гумони қатли муҳоҷири ҷавон, соҳибхона, марди 45 - сола, ки бекор аст, боздошт намуданд.

Феълан алайҳи боздоштшуда протокол тартиб дода шуда ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. 

Зикр мегардад, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.

545
Барчаспҳо:
қатл, тоҷик, муҳоҷир, Санкт-Петербург

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон