Коргарон, акс аз бойгонӣ

Фармони Эмомалӣ Раҳмон барои квота ба коргарони хориҷӣ ва шарҳи Вазорати меҳнат

1978
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон квота барои ҷалби хориҷиҳо ба кор дар кишварро муқаррар кард

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон квотаи  ҷалби хориҷиҳо ба кор дар Тоҷикистонро дар соли равон 7 ҳазору 500 нафар муқаррар намуд.

Дар фармони раисиҷумҳур, ки моҳи март имзо шуд, таъкид шудааст, хориҷиҳое, ки дар лоиҳаҳои авлавиятдори инвеститсионӣ бар асоси созишҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ фаъолият мекунанд, ба ин шумора шомил намешаванд.

Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2018 низ квота барои коргарони хориҷӣ 7 ҳазору 500 нафар муқаррар шуда буд.

“Соли 2018 квотаи умумӣ 7500 нафар муайян гардид ва 6837 нафар ҷалб гардиданд”, - изҳор дошт Сангинзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ба иттилои Вазорат, иҷозатномаи кор дар Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисос дода мешавад, ки дар лоиҳаҳо бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд.  Масъулини ин ниҳод гуфтанд, азбаски сармоягузори аксари лоиҳаҳо дар Тоҷикистон Чин мебошад, муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар кишвар низ шаҳрвандони Чин мебошанд.

Вазорати меҳнат таъкид кард, ки иҷозатнома ба мутахассисони хориҷӣ барои як сол бо шарти омода кардани мутахассисони ватанӣ дода мешавад.

1978