Оғози марҳилаи аввали амалиёти минтақавии “Нелегал – 2019”

© Sputnik / Виталий АньковПризыв, архивное фото
Призыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марҳилаи аввали ин амалиёт бо номи “Нелегал – баҳор” аз 9-ум то 12-уми апрел гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар асоси нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)  оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии “Нелегал – 2019” дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмон амалиёти минтақавии “Нелегал” дар се марҳила гузаронида мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонс: порагирии Раҳимов барои шаҳодатномаи ҳарбии бародарони маъюбу муҳоҷир

Манбаъ афзудааст, ки ба ин муносибат, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВУД ҷаласа доир гардидаааст. Дар ҷаласа қайд гардид, ки марҳилаи аввали ин амалиёт бо номи “Нелегал – баҳор” аз 9-ум то 12-уми апрел бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули ВУД, КДАМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мақсад аз гузаронидани амалиёти “Нелегал – баҳор”, пеш аз ҳама, муайян намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоидаҳои омаду рафт, будубош ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Тавре масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ иброз доштанд, марҳилаи аввал дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0