Аробачаи тиббӣ, акс аз бойгонӣ

“Қотили Карина Вартанова ҳангоми қасди қатли муҳоҷир боздошт шуд”

163
Мақомоти Маскав муттаҳам дар қатли Карина Вартанова, як мақомдори пойтахти Русияро боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Александр Голованови 55-сола бо иттиҳоми қатли Карина Вартанова, як зани мансабдор дар пойтахти Русия боздошт шуд, хабар додааст Sputnik Арманистон бо такя ба Telegram-канал Mash.

Ба иттилои манбаъ ҷасади Вартановаи 57-сола бо зарбаҳои сершумори корд дар хиёбони Кутузови Маскав пайдо карда шуд.

Манбаъ афзуд, қотил баъди чанд рӯз зимни ҳамлаи навбатияш боздошт гардид. Ӯ дар ҳоле, ки ба муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар наздикии хиёбони Кутузовск бо корд ҳамла кардааст, дастгир шудааст.

Дар иттилои нашршуда таъкид шудааст, ки “скинхед”-и боздоштшуда қаблан барои авбошӣ низ маҳкум шудааст.

Феълан маълум нест, ки ӯ қурбониёнашро мешинохт, ё афродеро, ки ба ӯ писанд намеомадаанд, мавриди ҳамла қарор медод.

Карина Вартановаи кушташуда қаблан дар маъмурияти ноҳияҳои Крилатское ва Фили-Давидково кор мекардааст.

163