Проверка документов

220 муҳоҷир ва 80 парванда: боздошти оммавии муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

868
Дар паи баргузории рейди вижа, пулиси Петербург 50 муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кард

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Чанд рӯз боз дар шаҳри Санкт-Петербург боздошти оммавии муҳоҷирон идома дорад, хабар медиҳад "Фонтанка".

Рӯзи панҷшанбе мақомоти қудратӣ дар маркази тиҷоратию фароғатии "Европолис" амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ баргузор кардааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, ба пулиси ноҳияи Вибор хабар расидааст, ки гурӯҳи муҳоҷирон дар хиёбони Полюстровский дар маркази тиҷоратию фароғатӣ нишаста, таваҷҷӯҳи харидорон ва посбононро ба худ ҷалб кардаанд.

Дар паи баргузории амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони пулис, маркази савдои "Европолис"-ро гирд карда, 50 муҳоҷири ғайриқонуниро ошкор кардаанд.

Қайд мешавад, ки муҳоҷирон зуд зуд чунин шомнишиниҳо баргузор мекунанд. Далели баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ бошад, ҷанҷол миёни муҳоҷирон аз Узбакистон ва зодагони Қафқози Шимолӣ будааст, ки дар паи он чаҳор кас ҷароҳатдор шудааст.

Путин гуфт роҳи муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Русия сахт бандед

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 май низ чунин амалиёт баргузор шуда буд, ки дар паи он 220 муҳоҷир, ба далели надоштани ҳуҷҷат,  боздошт шуданд.

Сокини Воронеж ба 50 муҳоҷир "кумак" карду ҷазои сахт гирифт

Бино ба иттилои расонаҳо дар давоми ду рӯз додгоҳҳои Санкт Петербург нисбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ наздики 80 парванда боз кардаанд. Аз ҷониби мақомоти пулис бошад беш аз 220 муҳоҷир боздошт шудааст.

868

Муҳоҷиронро дигар ба марзи Қазоқистон намемонанд: полиси Самара роҳро назорат мекунад

149
(Таҷдидшуда 17:39 12.08.2020)
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар сарҳади Русия ҷамъ омада буданд, берун карда шуданд, аммо мақомоти минтақа барои пешгирии такрори ин ҳолат чораҳо меандешанд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Дар маҷмӯъ, то 7 август беш аз ду ҳазор шаҳрванди Узбакистон ва инчунин тақрибан сад шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Русия ва аз вилояти Самара хориҷ карда шуданд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара Олга Галтсова хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бурдани шаҳрвандони хориҷӣ бар асоси марҳилаҳо сурат гирифта, мувофиқи омадани онҳо ба сарҳади Русия амалӣ карда шуд.

Номбурда гуфт, барои онҳое, ки меомаданд, лагери хаймаҳо бо тамоми шароити зарурӣ ташкил карда шуда буд.

Ба гуфти ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҳавопаймо рӯзи 28 июл аз Қазон интиқол доданд ва охирин гурӯҳи муҳоҷирони ӯзбекро 7 август ба кишварашон сафарбар кардаанд.

Аммо эҳтимолияти он, ки муҳоҷирон ба доми қаллобон афтода, дубора ба сарҳади Русия биёянд, боқӣ мемонад, афзудааст Олга Галтсова.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

"Бо мақсади пешгирии ҷамъшавии минбаъдаи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ноҳияи Болшечерниговски вилояти Самара ва инчунин ҷилавгирӣ аз кӯшиши воридшавии онҳо ба қаламрави вилояти Оренбург, постгоҳи назоратӣ таъсис дода шуд", гуфтааст манбаъ.

149
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, муҳоҷирон, марз, Самара, Русия
Мард, акс аз бойгонӣ

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

410
(Таҷдидшуда 15:25 12.08.2020)
Бобораҷаб Ҷавлиев, ки қариб 20 соли пеш аз Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, феълан хотираашро аз даст дода, дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Қазоқистон мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҷавлиев бори охир соли 2012 ба хонааш занг зада, хабар додааст, ки дар шаҳри Тула мебошад ва баъд аз он дигар бедарак шудааст.

Ҷавлиев дар Тоҷикистон волидон, зану ду фарзанд дорад, ки тайи 8 соли охир аз ӯ паёме нагирифтанд, гузориш дод шабакаи телевизионии Мир.

Маълум шудааст, ки Ҷавлиев ҳадафи латукӯб қарор гирифтааст, ки дар натиҷа хотираашро аз даст додаст. Ӯ мегӯяд, чӣ гуна дар Қазоқистон қарор гирифтанашро дар хотир надорад. Дар ин кишвар ба ӯ сокини маҳаллӣ Леонтий Демяшев сарпаноҳ додааст ва бо мурури бозгашти қисмани хотира Ҷавлиев тасмим гирифтааст, ки ба ватан назди хонаводааш баргардад.

Феълан Ҷавлиев дар боздоштгоҳи махсус барои шаҳрвандони бидуни аснод қарор дорад ва масъалаи бозгашти ӯ дар баррасии мақомоти Қазоқистону Тоҷикистон мебошад.

410
Барчаспҳо:
бедарак шудан, муҳоҷир, Тоҷикистон-Русия-Қазоқистон
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 10)

Дар бораи касбу нақшаҳои оянда: нишасти хабарии Ҳабиб Нурмуҳаммадов - пахши мустақим

0
(Таҷдидшуда 13:36 14.08.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук оиди нақшаҳои ояндаи худ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав изҳор дошт

Дар шаҳри Маскав бо иштироки Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов нишасти хабарӣ ҷараён дорад.

Размикори маваффақ тасмим гирифт ба хабарнигорон дар мавриди кас ва нақшаҳои ояндаи худ ибрози назар кунад.

Қобили зикр аст, ки дар ояндаи наздик муҳорибаи ӯ бо Ҷастин Гэйтжи баргузор мегардад. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар фаъолияти касбии худ 28 муҳориба баргузор кардаст ва то ҳол боре ҳам мағлуб нашудааст.

0