Жогорку Кенеш, акс аз бойгонӣ

Лоиҳаи қонун дар Қирғизистон: тоҷикистониён барои кор патент гиранд

1773
(Таҷдидшуда 11:05 02.06.2019)
Исҳоқ Пирматов, вакили парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунро ба баррасии омма пешниҳод намудааст, ки бар асоси он хориҷиҳо барои кор дар қаламрави ин кишвар бояд патент гиранд

Душанбе, 2 июн — Sputnik. Пирматов, ташаббускори ин лоиҳа изҳор доштааст, ки ин иқдом барои қонунӣ кардани кори шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар қаламрави Қирғизистон кумак мекунад. 

Ба гуфтаи вакил, теъдоди зиёди атбои Тоҷикистону Узбакистон дар бахши сохтмону хоҷагии қишлоқи Қирғизистон кор мекунанд, ки аксарият ғайриқонунӣ мебошанд. Ӯ таъкид намудааст, лоиҳаи пешниҳоднамудааш барои мубориза бо фасод ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат карда, буҷаи давлат аз ин ҳисоб ғанӣ мегардад, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Пирматов шарҳ додааст, ки феълан барои кори қонунӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон бояд қайди иқомат ва иҷозатномаи кор гиранд, аммо ба далели расмиёти зиёду мураккаб, муҳоҷирон ин санадҳоро намегиранд.

“Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ҳамсоя майли афзоиш дорад. Бар асоси бархе оморҳо шумораашон то 100 ҳазор нафар мерасад. Дар сурати роҳандозии патент бо нархи 500 сом дар як моҳ, буҷаи давлат дар як сол аз ин ҳисоб 8 миллион доллар даромад мегирад”, - таъкид шудааст дар санади асосноксозии лоиҳаи қонун.

Бар асоси ин лоиҳа, муҳоҷирон тайи муҳлати амали патент метавонанд дар Қирғизистон бидуни иҷозатномаи кор, ё раводиди кор фаъолият кунанд. Дар лоиҳа таъкид шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд танҳо аз ҷониби шахсони инфиродӣ ба ҳайси коргари кироя ҷалб шаванд.

1773