Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото

Русия ҳаҷми боҷи давлатиро барои гирифтани иҷозаи иқомат боло мебарад

164
(Таҷдидшуда 12:03 17.06.2019)
Ҳаҷми боҷи давлатиро барои гирифтани иҷозаи иқомат дар Русия аз 3,5 ҳазор ба 5 ҳазор рубли русӣ боло хоҳанд бурд

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Думаи давлатии Русия ба парлумон пешниҳод карда, ки тарҳи қонун оид ба боло бурдани ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани иҷозаи иқоматро қабул кунанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар назар аст, ки боҷи давлатӣ аз 3,5 ҳазор то 5 ҳазор рубли русӣ боло бурда шавад.

Қайд мешавад, ки тарҳи пешниҳодкардаи ҳукумати Русия оид ба боло бурдани ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани иҷозаи иқомат, ба ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандони Русия баробар хоҳад шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки андоз аз даромади муҳоҷиронро оғоз аз соли 2020 ба андози шаҳрвандони Русия баробар мекунанд.

Тарҳи ин қонун тирамоҳи имсол ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

То имрӯз андоз аз даромад барои муҳоҷирон 30 дарсад аз фоидаи ба даст омадаро  ташкил медиҳад ва дар сурати қабули қонуни нав он ба 13 дарсад баробар хоҳад шуд. 

Маҷлиси намояндагон қонун дар бораи боҷи давлатӣ ва гумрукро мавриди баррасӣ гузошт

Бояд гуфт,ки шаҳрвандони Русия низ хамин миқдор андозро пардохт мекунанд. Дар сурати тисдиқи тарҳи ин ҷонун андозбандӣ барои шаҳрвандони Русия ва муҳлҷирони корӣ яксон мешавад. 

164
Барчаспҳо:
боҷи давлатӣ, муҳоҷирон, Русия