Представитель Министерства труда, миграции и занятости населения Таджикистана в России Иброхим Ахмедов , архивное фото

Иброҳим Аҳмадов: зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав заҳролуд шудаанд

144
(Таҷдидшуда 20:03 24.06.2019)
Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав дар бораи шаҳрвандони заҳролудшудаи тоҷик дар шаҳри Одинсоваи вилояти Маскав шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Рӯзи якшанбе қариб 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Одинсоваи вилояти Маскав заҳролуд шудаанд.

Ҳамаи ин муҳоҷирон дар заводи мебели ҶДММ “Одинсова” дар сехи истеҳсоли дару тиреза кор мекардаанд.

“Дирӯз қариб 50 нафар ба духтур муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 12 нафарашонро дар беморхона хобондаанд. Бо пайдо шудани маълумот дар бораи заҳролудшавии оммавӣ кормандони хадамоти консулии ба ҷои ҳодиса рафтаанд”, - шарҳ дод Аҳмадов ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай илова намудааст, ки кормандони хадамоти консулӣ бо роҳбарияти ин корхона сабаби ин ҳодисаро таҳти омӯзиш қарор додаанд.

Ба гуфтаи Аҳмадов қисмати зиёди беморон аз беморхона ҷавоб шудаанд ва ҳамагӣ 4 муҳоҷир дар он ҷо мемонад.

Котиби матбуоти маълумот додааст, ки гузаронидани санҷиш дар назар аст. Вай ҳамчунин тахмин мекунад, ки ҳангоми тайёр кардани хӯрок вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ муайян шудаанд.

144
Барчаспҳо:
заҳролуд, муҳоҷир, Русия, Тоҷикистон

Ҳалокати тоҷикистонӣ зери масолеҳи сохтмонӣ дар мағоза: харидор буд - видео

557
(Таҷдидшуда 14:44 07.08.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар мағозаи сохтмоние дар Тюмен фоҷиабор ба ҳалокат расид: Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ҳодиса парванда боз кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди як мағозаи сохтмонӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Россия 1 Тюмень".

Руҳулло Нурматов дар шаҳри Тюмен ба сифати сохтмончӣ кор мекард. Дар баробари фаъолият ба сохтмони хонаи худӣ машғул буд.

Шоми 4 август шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон барои интиқоли маводҳои фармоишдодашуда ба мағоза омад.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Дар қисмати боркунии маводҳои сохтмонӣ, замоне, ки плитаҳои тахтагинро ба дохили мошини боркаш бор мекарданд, боркунак ба дигар тараф тоб хӯрду масолеҳи сохтмонӣ ба сари Руҳулло чаппа шуд.

Нурматовро ба бемористон интиқол доданд, вале ҷароҳатҳои вазнин боиси марги ҷавон шуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон хонадор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Феълан аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

557
Барчаспҳо:
тоҷикистонӣ, муҳоҷир, ҳалокат, Тюмен

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

227
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

227
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

153
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

153
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон