Автомобиль реанимации

Ҷароҳати вазнини муҳоҷири 56-солаи тоҷик дар ҷанҷоли гурӯҳӣ дар Русия

630
(Таҷдидшуда 19:40 07.07.2019)
Гурӯҳе аз муҳоҷирон дар назди мағозаи фурӯши алкул дар Всеволожск ҷанҷол шуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Всеволожск миёни муҳоҷирон ҷанҷол сар зад, ки дар паи он шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуд, хабар медиҳад Регион Online.

Занозанӣ шоми 6 июн ба дурбинҳои сабткунанда афтидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ миёни гурӯҳе аз муҳоҷирон дар хиёбони Всеволожск 55, дар назди мағозаи фурӯши алкул ҷанҷол бархостааст.

Ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ва доғистониҳо дар Санкт-Петербург

Дар натиҷи занозанӣ шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистон ҷароҳатдор шуда ба бемористон интиқол ёфт.

Пизишкон дар паи ташхис маълум кардаанд, ки мағзи сари муҳоҷир осеб дидааст.

Дурбинҳо занозании қирғизҳо ва ҷавони кушташударо аз наздик ба навор гирифтанд - Видео

Дар айни замон муҳоҷири тоҷик дар ҳолати вазнин қарор дошта дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ аст.

Қайд мешавад, ки се муҳоҷири дигар замони расидани пулис аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Айни замон мақомоти пулис дар ҷустуҷӯи онҳо аст.

630
Барчаспҳо:
ҷароҳат, захмӣ, муҳоҷирон, ҷанҷол, Русия