Рабочие на строительной площадке, архивное фото

 ВУД Русия: пешниҳоди андози нав ва ё патент ба муҳоҷирони дорои "РВП" ва "ВНЖ"

281
(Таҷдидшуда 14:18 11.07.2019)
Намояндагони Вазорати умури дохилаи Русия бар онанд, ки илова кардани боз як андози дигар ба муҳоҷирон хатари бекор кардани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва ё ба истилоҳ "РВП"-и онҳоро дар давоми “фаъолияти меҳнатӣ” доштанашон, камтар мекунад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Вазорати умури дохила маъалаи ворид намудани пардохти андозҳои навро барои муҳоҷироне, ки дар ҳудуди Русия зиндагӣ мекунанд бо коршиносон баррасӣ дорад, иттилоъ додааст РИА Новости.

Ин ниҳод бар он аст, ки ин ҷараёни кори муҳоҷиронро барои омодасозии ҳуҷҷатҳо осонтар мекунад.

“ВУД Русия дар ҳоли омодасозии санадҳои лозима баҳри ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Русия оид ба супурдани андоз аз рӯи фаъолияти меҳнатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, қарор дорад”, - омадааст дар иттилоия.

Дар Вазорати умури дохилаи Русия тавзеҳ додаанд, ки ҳоло хориҷиёне, ки дар асоси изоҷаи иқомати мувақатӣ (РВП) ва ё иҷозаи иқомат (ВНЖ) кору фаъолият ва зиндагӣ доранд вазифадоранд сарчашмаи даромад ва далели зиндагӣ доштанашонро дар кишвар тастиқ намоянд.

Аммо он хориҷиёне, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои кор кироя мешаванд, наметавонанд ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба таври лозима ба даст оваранд ва пешниҳод кунанд.

“Вобаста бар ин масъулини Вазорати умури дохилаи Русия бо ҷалб намудани ҷомеаи илмӣ масъалаи ворид намудани андоз барои гирифтани иҷозатномаи корӣ дар шакли патент баҳри чунин ашхосе, ки дар асоси РВП ва ВНЖ иқомат доранд, баррасӣ дорад”, - гуфтаанд дар ВУД.

Ба гуфтаи намояндагони ВУД андози нав метавонад барои хориҷиёни дорои РВП ва ВНЖ дар тасдиқ намудани зиндагӣ доштан дар ҳудуди кишвар ва доштани даромад кумак мекунад ва барои онҳо тасдиқи будубош ва сарчашмаи даромад лозим намешавад.

Ҳамчунин намояндагони Вазорати умури дохилаи Русия бар онанд, ки илова кардани боз як андози дигар ба муҳоҷирон хатари бекор кардани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва ё ба истилоҳ РВП-и онҳоро дар давоми “фаъолияти меҳнатӣ” доштанашон, камтар мекунад.

281
Барчаспҳо:
андоз, муҳоҷир, патент, Русия