Бобозода: рафтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ғайри инсонӣ буд

© © Sputnikуполномоченный по правам человека Таджикистана Умед Бобозода
уполномоченный по правам человека Таджикистана Умед Бобозода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Умар Бобозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро нисбати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ғайриинсонӣ мешуморад

ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Умар Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ бадрафтории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати муҳоҷирони тоҷикро ғайриинсонӣ хонд.

Вай зикр кард, ки ниҳоди зертобеъи ӯ бо дархости баҳои ҳуқуқӣ додан ба ин рафтори кормандони пулиси Русия ба унвони Омбудсмени Русия мактуб фиристодааст.

Генпрокурор РФ Юрий Чайка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати Раҳмон ба Чайка: нафароне, ки ҳуқуқи тоҷиконро нақз карданд, ҷазо дода шаванд

“Ба Омбудсмени Русия Татяна Москалкова мактуб фиристодем ва дархост намудем, ки ба ин рафтор вокуниш нишон дода шавад. Аз он замон аллакай 10-12 рӯз сипарӣ шуда, лекин то ҳол посухе нарасидааст. Бовар дорам, ки посух мегирем. Ин масъала дар доираи қонун баррасӣ мешавад”, - қайд намуд ваколатдори ҳуқуқи инсон.

Инчунин, Умар Бобозода аз расонаҳои хабарии Русияро, ки симои манфии муҳоҷирони тоҷикро нишон медиҳанд, норозигӣ баён кард.

“Ин масъалаи хеле муҳим аст. Шаҳрвандони мо дар Русия натанҳо аробакашанд, балки дар он ҷо намояндагони зиёиён, табибон ва дигар шахсони касбу кори гуногун зиндагӣ доранд. Мисолҳои зиёде гувоҳи онанд, ки шаҳрвандони мо дар Русия унвони илмӣ ҳимоя карда, асару китобҳои дарсӣ навиштаанд”, - иброз дошт вай.

Сергей Чуев - Sputnik Тоҷикистон
Далелҳои нав дар қазияи куштори Чуев: ҳомилае набуду ҷавонони тоҷик ба ҳама мечаспиданд?

Вай ба хабарнигорон гуфт, ки ниҳоди Ваколатдори ҳуқуқи инсони кишвар бо ҳамтоҳои русиягии худ дар ин самт ҳамкорӣ намуда, зимни дидору гуфтугӯҳо масъалаи боло бурдани нуфузи муҳоҷирони тоҷикро ба миён мегузорад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт ба Юрий Чайка, додситони кулли Русия барои тафтиш ва ҷазои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар нақзи ҳуқуқшаҳрвандони Тоҷикистон даст доштанд, дархост ирсол намудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон аз Юрий Чайка хоҳиш намудааст, ба рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошти шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

“Пас аз дидани аксҳо дар интернет Прокуратураи генералӣ ҳамон лаҳза ба Юрий Чайка, додситони кулли Русия мактуб омода карду фиристод. Дар мактуб хоҳиш карда шуд, ки нисбати он кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон чунин рафтори ғайри инсониро роҳ доданд чораҳои зарурӣ андешанд”, - таъкид кард Юсуф Раҳмон.   

Ёдрас мешавем, ки Аксҳои таҳқиромези дар Интернет нашршудаи 4 ҷавони тоҷик, ки дар Маскав бо гумони даст доштан дар куштори гуштингири рус Сергей Чуев дастгир шудаанд, мавҷи вокунишҳои хашмолуди корбарони тоҷикро ба бор овардааст.

Обвиняемый по делу об убийстве мастера спорта по греко-римской борьбе Сергея Чуева Аловадин Михроччен - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷурми куштори Чуев маҳкум кард

Қаблан дар шаҳри Маскав 4 шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев дастгир кардаанд.

Чуев, устоди варзиш дар гуштини юнониву румӣ шаби 7 июн, соати тақрибан 23 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишгари 34-соларо ба кӯл партофтаанд.

Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишгар дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0