Много чести: Путин отказался наказывать оскорбившего его журналиста – видео

Дастури қатъии Путин бораи ситонидани ҷарима аз шаҳрвандони хориҷӣ

1186
(Таҷдидшуда 12:23 19.07.2019)
Президенти Русия Владимир Путин ба Ҳукумат дастури қатъӣ додааст, ки аз шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз кардаанд, ҷарима биситонанд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Кишвардори Русия, Владимир Путин ба девони вазирон супориши қатъӣ додааст, ки то 1 феврали соли 2020 масъалаи пардохти ҷаримаро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Русияро нақз кардаанд, ҳалл намоянд.

Қарори мазкур дар торномаи Кремл нашр шудааст.

"Барои ҷазои ногузири шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар ҳудуди Федератсияи Русия вайрон кардаанд аз ҷумла, онҳое, ки то баромадан аз қаламрави Русия ҷаримаи маъмуриро пардохт накардаанд,  тадбирҳои қатъӣ андешида шавад", - омадааст дар қарор.

Коршинос: ронанда-муҳоҷиронро дар Русия бояд таҳти назорати фосилавӣ гирифт

Пештар раҳбари БДА Русия Михаил Черников гуфта буд, ки низоми ситонидани ҷарима аз шаҳрвандони хориҷӣ пас аз якҷо кардани додаҳои Хадамоти гумрук, Хадамоти марзбонӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ фаъол мешавад.

Вуруди муҳоҷироне, ки ҷарима шудаанд, мамнӯъ мешавад

Ба гуфти ӯ ба хотири самарабахш шудани ин кор, бояд маълумот аз махзани Хадамоти марзбонӣ ва гумрук, ки дар низоми иттилоотии Хадамоти давлатии нақлиётӣ ҷамъ мешавад, як ҷо ҷамъ карда шавад.

1186
Барчаспҳо:
БДА, вайрон кардани қоидаи роҳ, ҷарима, ронандагон, Русия