Проверка документов

Маркевич: нақзи қавонини муҳоҷират аз ҷониби тоҷикон 34 дарсад кам шудаст

254
(Таҷдидшуда 09:22 21.07.2019)
Дар як соли ахир муҳоҷирати тоҷикон ба Русия то 4 дар сад афзуда, ихроҷи онҳо аз ҳудуди ин кишвар баръакс коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Владислав Маркевич, намояндаи Вазорати корҳои дохилаи Русия дар умури муҳоҷират дар Тоҷикистон, зимни як нишасте дар Душанбе изҳор дошт, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик дар 6 моҳи ахир 34 дар сад кам шудааст.

Ба иттилои ин мақомдори рус,  дар як соли ахир муҳоҷирати тоҷикон ба Русия то 4 дар сад афзуда, ихроҷи онҳо аз ҳудуди ин кишвар баръакс коҳиш ёфтааст.

Раванди гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар меҳвари баррасии мақомдорони ду кишвар қарор гирифта, зикр гардид, ки айни замон беш аз 10 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Ба гуфтаи Маркевич, аз шумори 1 миллиону 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик 128 ҳазор нафар иҷозатномаи мувақатии зист ва 123 ҳазор нафар иқомати доимӣ дар Русияро доранд.

Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират шаш созишномаи нав мебанданд

Зимнан дар Федератсияи Русия шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дақиқ карда шуд. Муайян гардид, ки дар қаламрави ин кишвар  наздики 10 миллион муҳоҷири корӣ ба сар мебаранд.

Путин мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро вазифаи аслии ВУД гуфт

Ахиран Пажуҳишгоҳи таҳлили иҷтимоии Академияи хоҷагии қишлоқ ва хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Русия низ дар пайи як таҳқиқот изҳор доштааст, ки ба ҳолати 1 майи соли 2019 таъдоди тоҷикистониён, ки муваққатан дар Русия қарор доранд, 1 миллиону 255 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

254
Барчаспҳо:
коҳиш, тоҷик, муҳоҷирон, нақз, муҳоҷират, қонун, Русия