Вазорати меҳнат: масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия то охири сол ҳал хоҳад шуд

© Sputnik / Павел ЛисицынРабочие на строительной площадке Центрального стадиона в Екатеринбурге.
Рабочие на строительной площадке Центрального стадиона в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавре маъулини вазорати меҳнати Тоҷикистон қайд намуданд, музокирот дар бораи афви муҳоҷирони меҳнатии кишвар бо намояндагони Вазорати умури дохилаи Русия оид ба муҳоҷират идома дорад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  мақомоти кишвар ҳамроҳ бо мақомоти Русия масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатро баррасӣ дорад ва имкон дорад то охири сол ин масъала ҳалли худро пайдо намояд. 

Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Се пешниҳоди Раҳмон ба Русия: авфи муҳоҷирон, сабукӣ дар сабти ному гирифтани патент

Вай афзуд, ки масъалаи мазкур зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба Русия бо мақомоти ин кишвар баррасӣ шуда буд.

Саидасрор Саидов таъкид кард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба сохторҳои марбутаи кишвар дар ин бора дастуру супоришҳо додааст.

Ба суди ҳарду: пешнҳод аз Русия ва Тоҷикистон дар мавриди авфи муҳоҷирон

“Намояндагии вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ин масъаларо бо намояндагони сарраёсати Вазорати умури дохила доир ба муҳоҷирати ин кишвар баррасӣ доранд. Бояд тазаккур дод, ки ин масъала мавориди баррасӣ аст. Мо умедвор ҳастем, ки ин масъала аз ҷониби Русия ҳалли худро то охири сол пайдо намояд”, - гуфт  сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Раҳмон аз Путин хост, ки пас аз авфи муҳоҷирон мӯҳлати будубоши онҳо тамдид шавад 

Дар ҳамин ҳол вай афзуд, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сафари онҳо ба Русия мамнуъ гардидааст ба ҳолати 3 июли соли равон ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0