Проверка документов, архивное фото

Модару писари тоҷик дар ғуломсозии муҳоҷирон муттаҳам мешаванд

468
(Таҷдидшуда 14:36 25.07.2019)
Кормандони пулиси ноҳияи Серпуховаи вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки бо роҳи фиреб узбакҳоро аз ватанашон оварда ба таври ғуломӣ дар заминҳои назди Маскав аз қувваи кории онҳо истифода мебурданд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik.  Бар хабари Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳи фиреб чанд шаҳрванди Узбакистон оварда ғуломвор кор мефармуданд.

Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни як амалиёти вижа барои озод кардани муҳоҷирон дар ноҳияи Серпухови вилояти Маскав як зани 51-сола ва писари 29-солааш дастгир карда шуданд.

Дар Санкт-Петербург муҳоҷирро барои оташ задани мошини корфармо дастгир намуданд

Тавре муфаттишон муайян карданд, дар моҳи июни соли 2019 як марди тоҷик якчанд нафарро барои кор дар заминҳои назди Маскав аз Ӯзбекистон оварда (шумораи дақиқи онҳо то ҳол номуайян), ваъда додааст, ки барои 15 рӯзи корӣ ҳадди аққал 250 доллар пардохт мекунад.

Дар Брянск муҳоҷири тоҷик ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд

Сардори дафтари матбуотии Раёсати умури дохилаи Русия дар вилояти Маскав  Татяна Петрова афзудаст, вақте муҳоҷирон омаданд, онҳоро дар як хонаи ҷӯбӣ ҷой дода, модари ҷавони корфармо шаҳодатномаашонро барои бақайдгирии муваққатӣ ва гирифтани иҷозатномаи корӣ аз онҳо гирифта пинҳон намудааст.

Муҳоҷирони фирефташуда маҷбур буданд, ки ба таври ройгон кор кунанд.

Зимнан ба ҷаҳор тани онҳо муяссар гардид, ба мақомоти пулиси ин минтақа шикоят баранд ва аз чанги корфармоён озод шаванд.

Гуфта мешавад, алъон ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи моддаи 127.2 қисми 2 Кодекси Ҷиноятии Федератсияи Русия гумонбар дониста мешаванд. Тафтишот барои ҳабси онҳо ба додгоҳ дархост хоҳад кард.

Додгоҳи Русия ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро 21 сол зиндон кард: рӯйхати маҳкумшудагон

468
Барчаспҳо:
муттаҳам, тоҷик, ғуломӣ, муҳоҷир, Русия