Муҳоҷирони меҳнатӣ, акс аз бойгонӣ

Муовини вазир: муҳоҷират зиёду бозгашт кам шудааст

240
(Таҷдидшуда 17:37 26.07.2019)
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвар тайи шаш моҳи аввали соли равон 19 дарсад афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Эмин Сангинзода, муовини вазири вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали сол беш аз 300 ҳазор шаҳрванд кишварро бо ҳадафи дарёфти кор ва пул тарк карданд.

“Беш аз 40 ҳазор тани онҳо бонувон мебошанд. Ҳамзамон, беш аз 188 ҳазор, аз ҷумла, 34 ҳазор бону шаҳрванди ҶТ аз муҳоҷирати корӣ бозгаштанд”, - иттилоъ дод ТоҷикТА аз қавли Сангинзода.

Манбаъ афзуд, ки нишондоди бозгашти муҳоҷирон дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 2 дарсад коҳиш ёфт. Ба гуфтаи Сангинзода, мардуми Тоҷикистон аслан Русия ва Қазоқистонро барои муҳоҷирати корӣ мепазиранд.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, оғози муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба Қатар аз тасдиқи созишнома дар парлумон вобаста мебошад. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, Кореяи Ҷанубӣ ба сабаби вазъи начандон хуби бозори меҳнаташ аз қабули муҳоҷирони тоҷик даст кашид.

240