Советские солдаты

Ҷавони хизматгурез аз Русия ба Тоҷикистон истирдод мешавад

623
Ҷавони 18-сола, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба Русия гурехта буд, бинобар нақз намудани қавонини муҳоҷират дар ин кишвар боздошт ва ба ватан истирдод мешавад

ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Судиҷрочиён шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистонро, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Чувашия паноҳ мебурдааст, аз Русия хориҷ карданд, хабар медиҳад Раёсати минтақавии Хадамоти федералии судиҷрочиён дар Ҷумҳурии Чувашия.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон открыл Центр управления Вооруженными силами Республики Таджикистан
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Ин гуна қарори суд бар асоси риоя накардани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия "Риоя нашудани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош дар Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ " содир шудааст.

Духтарони танкрон дар мусобиқаи "Биатлони танкӣ" мардонро қоил карданд

Дар мурофиаи судӣ шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ӯ дар ватан ҳамроҳи волидону бародар ва хоҳараш зиндагӣ карда, дар Русия наздикону пайвандон, ҳамчунин ҳеҷ гуна амволе надорад, лекин бо қарори ихроҷ розӣ нест, чунки дар Тоҷикистон ӯро метавонанд ба хизмати ҳарбӣ даъват намоянд.

Патрушев: Русия барои таҳкими артиши Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Суд маводи парвандаро баррасӣ намуда, қарор кард, ки ба ин шахс дар шакли ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор рубл бо ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия ҷазо таъин шавад.

Акнун бо судури ин қарори судиҷрочӣён, ҷавони тоҷик ба  мӯҳлати  панҷ сол аз  ҳаққи  вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шудааст.

623
Барчаспҳо:
истирдод, Русия, Тоҷикистон, артиш, хизмат, ҷавон