ВУД Узбакистон ҳалокати як нафар аз муҳоҷирони заҳролудшуда дар Самараро таъйид намуд

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран яке аз муҳоҷирони заҳролудшудаи узбак дар бемористони вилояти Самара ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Як нафар аз 69 муҳоҷири заҳролудшудаи Узбакистон, дар беморхонаи  вилояти Самара ба ҳалокат расида, 48 нафари дигар то ҳол таҳти назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи  ин кишвар.

Представитель Министерства труда, миграции и занятости населения Таджикистана в России Иброхим Ахмедов , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иброҳим Аҳмадов: зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав заҳролуд шудаанд

Қаблан хабар дода шуд, ки наздики 50 муҳоҷир аз Узбакистон рӯзи 17 - уми июл бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.

Заҳролудшавии оммавии муҳоҷирони тоҷик дар ҷойи кор дар Маскав

Чанде дертар Вазорати умури дохилаи ин кишвар, шумораи муҳоҷирони заҳролудшударо 69 нафар арзёбӣ намуда, афзуда буд, ки вазъи саломатии се тан аз муҳоҷирон бисёр ваҳим аст.

Бар хабари манбаъ, муҳоҷирони узбак ба корҳои хоҷагидорӣ дар корхонаи "Кошелевский посад" машғул буданд.

"Шаҳрванди заҳролудшуда дар бемористон ба ҳалокат расид ва феълан сафорати Узбакистон дар Қазон масъалаи интиқоли ҷасади муҳоҷири фавтидаро ба ватан баррасӣ дорад", - гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Маврид ба зикр аст, ки то ҳол омили асосии заҳролудшавии муҳоҷирон номаълум боқӣ монда, ҳамзамон 48 нафар муҳоҷирони заҳролудшуда ҳамоно дар беморхона қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0