Усиление мер безопасности в Москве

То ду сол зиндон: ҳушдори Вазорат ба муҳоҷирони тоҷик барои муҳрҳои қалбакӣ дар шиноснома

916
(Таҷдидшуда 12:30 16.08.2019)
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия фаҳмонд, ки гузоштани муҳрҳои қалбакӣ дар шиноснома чӣ пайомад дорад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, дар саҳифааш дар Facebook муроҷиатномае нашр кардааст, ки дар он аз муҳоҷирон даъват карда мешавад, дар шиносномаҳояшон муҳрҳои қалбакии "убури марз" нагузоранд.

Бино ба гуфти Иброҳим Аҳмадов, мувофиқи қонунгузории федеролӣ  муҳоҷире, ки ҳадафи сафараш шахсӣ аст, бояд дар давоми ҳар се моҳ сарҳадро убур карда, аз нав регистратсия ё ба қайд гирифта шавад.

Баръакси ҳол тибқи қонун, нафаре, ки ин қавонинро вайрон кардааст ё ҷарима мешавад ё аз ҳудуди кишвар ихроҷ карда мешавад.

"Агар миёнаравон бо қасами ду дунё шуморо бовар кунонанд, ки муҳри убури сарҳадро бидуни ширкати шумо бо корти муҳоҷиратии "тоза" дастрас карда метавонанд, бовар накунед ва шиносномааатонро надиҳед", - ҳушдор додааст Вазорат.

Аҳмадов мефаҳмонад, ки убури сарҳад қоидаҳои худро дорад ва ҳар нафаре, ки аз сарщад мегузарад, дар базаи мақомоти марзӣ акси электрониаш сабт мегардад - ки аз шартҳои маъмулӣ мебошад.

Дар ин росто, масъулин ҳушдор медиҳанд, ки дар акси ҳол, яъне гузоштани муҳри қалбакӣ дар шиноснома, муҳоҷирон иштирокчии амали ҷиноӣ мегарданд.

"Мувофиқи моддаи 327 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия, таҳия ва истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, амали ҷиноӣ ба ҳисоб рафта, аз 6 моҳ то 2 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад", - гуфтааст Аҳмадов.

Вазорат таъкид карда, ки бо ошкор шудани ҳолатҳои зиёди "муҳрмонии қалбакӣ", кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия зимни санҷишҳо ба муҳрҳои шиноснома диққат медиҳанд ва дар ҳолати зарурӣ ба экспертиза равон мекунанд. Дар сурати ошкор шудани муҳрҳои қалбакӣ нисбати муҳоҷир парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад.

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват карда, ки мувофиқи қавонини амалкунанда фаъолият кунанд, то буду бош ва зиндагии худро дар кишвари бегона дар хатар нагузоранд.

916
Барчаспҳо:
маъмурӣ, ҷиноӣ, парванда, муҳоҷират, Русия, Тоҷикистон