Такси на одной из улиц Москвы

Дар Петербург мусофири таксӣ, ронандаи тоҷикро гаравгон гирифт

320
(Таҷдидшуда 11:39 29.08.2019)
Мусофири таксӣ ронандаро, ки шаҳрванди Тоҷикистон будаст, бо корд таҳдид намуда, ӯро гаравгон гирифт ва мошинашро ғорат намуда ба самти номаълум ронд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Петербург ронандаи такси, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст аз ҷониби мусофираш латукуб шудаст, хабар медиҳад сомонаи Fontanka бо такя ба маълумоти раёсати умури дохилаи Русия дар шаҳри Ленобласти.

Бар хабари манбаъ, шаҳрванди 34 - солаи тоҷик, ки дар Петербург ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекард, рӯзи 27 - уми август дар ноҳияи Фрунзенский як мусофирро савори мошинаш намуда ӯро мебоист то манзили зисташ бибарад.

Ронандаҳо эҳтиёткор бошед!: муҷозоти ронанда пас аз шикояти корбари Фейсбук дар Душанбе

Гуфта мешавад, вақте ба макони лозима расиданд, мусофир бо баҳонаи он ки модараш пули таксиро мебиёрад аз мошин берун мешавад.

Дар ин асно бо мушт ба сари ронандаи тоҷик мезанад ва калиди мошинро гирифта худаш сари чамбарак нишаста самти номаълум ҳаракат мекунад.

Манбаъ меафзояд, дар нимароҳ ба шаҳрванди Тоҷикистон даст омад, то аз мошин худро ба берун ҳаво диҳад.

Шаҳрвандӣ надорӣ таксӣ нарон: меъёри нав ба қонунгузории танзими “таксӣ” дар Русия

Зимнан муҳоҷири тоҷик ба наздиктарин шӯъбаи пулис муроҷиат мекунад ва бо гузашти як рӯз кормандони милитсия мошини ӯро бо мусофири авбошаш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дастгир намуданд.

Раёсати умури дохилаи шаҳри Ленобласт мегӯяд, феълан алайҳи ғоратгари мошин парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаст.

320
Барчаспҳо:
гарав, тоҷик, ронанда, Санкт-Петербург