Паспорта РФ в процессе производства

Барномаи кӯчонидани ҳамватанон ё талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандӣ

670
(Таҷдидшуда 12:29 03.09.2019)
Барои нафароне, ки мехоҳанд тибқи барномаи кӯчонидани ҳамватанон ба Русия кӯч банданд, маҳбубтарин минтақа дар соли равон вилояти Тамбов, Самара, Воронеж, Калуга, Челябинск ва инчунин минтақаи Хабаровск будааст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд тавассути барномаи кӯчонидани ҳамватанон ба Русия кӯч банданд ҳафт минтақаи Русияро интихоб карданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба раиси намояндагии ВУД Русия доир ба муҳоҷират Владислав Маркевич.

Вай таъкид намудааст, ки барои нафароне, ки мехоҳанд тибқи барномаи ба Русия кӯч банданд маҳбубтарин минтақа дар соли равон вилояти Тамбов, Самара, Воронеж, Калуга, Челябинск ва инчунин минтақаи Хабаровск будааст.

Ба гуфтаи Маркевич дар соли гузашта миёни тоҷикистониҳо вилояти Свердловск, Иркутск ва Липетск низ маҳбибият дошт.

“Минтақаҳои Русия дар доираи ин барнома он нафаронеро интихоб мекунанд, ки дар минтақаҳои зисти оянда дорои хешу табор ва наздикон ҳастанд”, илова кард вай.

Маркевич инчунин таъкид намудааст, ки танҳо 15-20 дарсади дархосткунандагони ба талаботи барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ба Русия мувофиқ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай аксари дархосткунандагон намефаҳманд, ки ин чӣ барнома ва барои кист.

“Тавре таҷриба нишон медиҳад, танҳо 15-20 дарсади ба талаботи ин барнома ҷавобгӯ мебошад ва танҳо ҳамин нафарон метавонанд санадҳои худро барои иштирок дар ҳамин барнома равон намоянд”, - гуфт вай.

Дар маҷмӯъ ҳамма мехоҳанд тавассути ин барнома шаҳрвандии Русия бигиранд ва сипас дар Русия кор кунанду патент нагиранд. Аммо ин бо ҳадафу мақсадҳои ин барнома мувофиқ нест, илова кард Маркевич.

Вай инчунин таъкид дошт, ки ба ин гуна нафарон қабули ариза барои иштирок дар барномаи кӯчонидани ҳамватанон рад карда мешавад.

670
Барчаспҳо:
вилоят, Русия, минтақа, кӯч бастан, шаҳрвандӣ, муҳоҷират, Тоҷикистон