Полиция производит проверку, архивное фото

Боздошти 80 муҳоҷир аз Тоҷикистон дар вилояти Владимир

336
(Таҷдидшуда 16:20 04.09.2019)
Кормандони пулис зимни як рейди нақшавӣ дар вилояти Владимир беш аз 200 муҳоҷиронро боздошт намуданд, ки 80 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik.Дар вилояти Владимири Русия ҳангоми гузаронидани рейди нақшавӣ кормандони полис теъдоди зиёди муҳоҷирони ғайриқонуниро дастгир карданд, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон сухангуйи Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Иброҳим Аҳмадов.

Тавре ки ӯ қайд кард, кормандони полис ҳангоми гузаронидани рейд биноҳои иншоотӣ ва саноатиро тафтиш намуда, шаҳрвандони хориҷиеро, ки ғайриқонунӣ дар онҷо кору зиндагӣ мекарданд, дастгир намуданд

Пас аз пешниҳоди Раҳмон: сабти номи муҳоҷирон дар Русия тағйир меёбад

Гуфта мешавад, мақомоти амниятӣ, ки рейди мазкурро баргузор намуданд аз боздошт шудани 200 муҳоҷир хабар дода буданд, ки 80 нафари онҳоро муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медоданд.

Зимнан хабар дода мешавад, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар қаламрави Русия кору фаъолият намуда, қавонини ин кишваро нақз намуданд, аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.

Аҳмадзода зикр намуд, ки феълан намояндагии Тоҷикистон дар Русия бо муҳоҷирони боздоштшуда ва хешу пайвандонашон пайваста дар тамос ҳастанд, ва то ҳол аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ягон шикояту норасоӣ арз карда нашудаст.

Дар вилояти Маскав беш аз 90 муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгир шуданд

Тибқи қонун, шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз болои қарори додгоҳ дар бораи хориҷ кардан дар давоми 10 рӯз шикоят кунад. Дар сурате агар муҳоҷирони боздоштшуда намехоҳанд аз қарори додгоҳ шикоят баранд, бо гузашти  ду ҳафта онҳо ба ватан бармегарданд.

336
Барчаспҳо:
Владимирова, Русия