Русия гирифтани шаҳрвандиро барои собиқ донишҷӯёни хориҷ осон мекунад

574
(Таҷдидшуда 15:39 12.09.2019)
Имтиёз ба он донишҷӯёне дода мешавад, ки дар донишгоҳҳои Русия дар бахши рӯзона таҳсил намуда ва пас аз хатми донишгоҳ на камтар аз се сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия ба таҳияи қонуне шурӯъ намудаст, ки ба хатмкунандагони хориҷии дар  донишгоҳҳои Русия таҳсил намуда, имкон медиҳад, ки шаҳрвандиро бо тартиби содда дарёфт кунанд, иттилоъ додааст намояндаи расмии департаменти ин кишвар Ирина Волк.

Ба изҳори Ирина Волк, тибқи қавонини нав, шаҳрвандии Русияро собиқ донишҷӯёне, ки дар қаламрави кишвар ҷойи иқомат доранд ва ҳамзамон на камтар аз се сол дар Русия таҷрибаи корӣ доранд, метавонанд дарёфт намоянд.

Барномаи кӯчонидани ҳамватанон ё талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандӣ

"Лоиҳаи нави қонун барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар муассисаҳои олии Русия таҳсил намуда онро бо дипломи аъло хатм кардаанд, имтиёзҳои иловагиро фароҳам овардааст",-  илова намудаст Волк.

Ҳамин тавр, шаҳрвандиро метавонанд собиқ донишҷӯёне, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд ва дар ҳудуди ин кишвар маълумоти олӣ гирифтаанд, соҳиб шаванд.

Ба ҳамин роҳ ҳукумати Русия мехоҳанд ба донишҷӯёни хориҷӣ пешниҳод кунанд, ки шаҳрвандии Русияро бо тартиби содда ба даст оранд.

Қонуни нав дар Русия: ба киҳо гирифтани шаҳрвандӣ осон мешавад

Акнун дар сурати мавҷуд будани тамоми шартҳои қавонини нав, хориҷиёни дорои маълумоти олии Русия  метавонанд давоми як сол ба гирифтани шаҳрвандии ин давлат ноил шаванд.

574
Барчаспҳо:
хориҷ, донишҷӯён, содда, шаҳрвандӣ, Русия
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

136
(Таҷдидшуда 15:12 09.07.2020)
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии "Ведомости" бо истинод ба як пурсиши РАНХиГС.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин, 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

136

Коженов тағйиротҳо ҳангоми гирифтани патентро тавзеҳ дод

364
Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов тавзеҳ дод, ки аз 1 июл тартиботи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон чигуна мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир-24" гуфт, ки аз 1 июл муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дархости патент бояд кадом тағйиротҳоро дар назар бигиранд.

Ӯ ёдрас шуд, ки 18 апрел раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 март то 15 июн имтиёзҳои калон ба даст оварданд. Яъне, муҳоҷирон аз супурдани андози патент ва худро ба қайд гузоштан озод шуданд.

"Мақомоти Русия тамоми чораҷӯиҳоро андешиданд, то дар давраи мушкили карантин ба муҳоҷирон кӯмак расонанд", - таъкид кард Коженов.

Ёдрас мешавем, Русия аз 27 март, чун даҳҳо кишвари дигар, марзҳояшро баст ва парвозҳои байналмилалӣ лағв шуданд.

15 июн мӯҳлати амали фармони мазкур то 15 сентябр тамдид гардид.

"Ягона маҳдудият дар он аст, ки касе ки кор мекунад ва даромад дорад, бояд андози патентро супорад. Нафароне ки аз кор маҳрум шуданд, метавонанд, бидуни нигаронӣ аз ҷарима ва депорт дар ҳудуди Русия монанд", - гуфт президенти федератсия.

 

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ба муҳоҷирон иҷозат дода мешавад, ки бидуни убури сарҳад патент ба даст оранд. Зеро марзҳо бастаанд. 

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

"Агар дар ин муддати зикргардида мӯҳлати патенти муҳоҷир ба анҷом расад, ӯ бидуни убури сарҳад метавонад навашро ба даст орад", - таъкид кард вай.

Раиси муҳоҷирон афзуд, ки Русия ба ворид шудани муҳоҷирон ба кишвар маҳдудияте ҷорӣ накардааст ва замоне ки карантин ба анҷом мерасад, хоҳишмандон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

364
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото

Лентаҳои сурхи замони COVID -19 дар бозори “Панҷшанбе” - акс

16
Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, ба хотири риоя шудани масофаи иҷтимоӣ байни хариддорону фурӯшандаҳо ба масъулини бозорҳо дастур додаанд, ки дар растаҳои фурӯши маҳсулот лентаҳои сурх кашанд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Гуфта мешавад муқаррароти нигоҳ доштани масофа ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии "вируси корона" аст.

Бо дастури масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, имрӯз чунин лентаҳои сурх дар бозори “Панҷшанбе” - и Хуҷанд насб карда шудааст, ки минбаъд масофаи байни фурӯшанда ва хариддоронро нигоҳ медорад.

Ғаниҷон Почоев, раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо дастури масъулин, ба насби лентаҳои сурх дар саҳну атрофи бозор машғул шудаанд.

  • Лентаҳои сурх дар бозори Панҷшанбе
    Лентаҳои сурх дар бозори "Панҷшанбе"
    SugdNews
  • Лентаҳои сурхи бозори Панҷшанбе
    Лентаҳои сурхи бозори "Панҷшанбе"
    SugdNews
  • Лентаҳои сурхи бозори Панҷшанбе
    Лентаҳои сурхи бозори "Панҷшанбе"
    SugdNews
1 / 3
SugdNews
Лентаҳои сурх дар бозори "Панҷшанбе"
"Ҳамин рӯз ду се нафар аз Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ба бозори Панҷшанбе омада ба мо чунин дастур доданд. Мо ин муқаррароти онҳоро ба иҷро расонида, дар растаҳои бозор лентаҳои сурх насб намудем", - гуфт Почоев.

Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, ҳамарӯза дар бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои ҷамъиятии ҳудуди вилоят барои огоҳии мардум аз хатари паҳншавии бемории коронавирус корҳои профилактикӣ мегузаронанд.

Раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” гуфт ба ҷуз насби лентаҳои сурх, онҳо инчунин аз тариқи баландгӯякҳо ба сокинон эълон мекунанд, ки қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоят кунанд.

"Мо эълони тавсияи ниқоббандиро сабт кардаем ва ҳаррӯз он чанд маротиба садо медиҳад", - гуфт Почоев.

Ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 9-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6410 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 5067 нафар ё худ 79%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинон даъват мекунанд, ки аз коҳиш ёфтани ин маризӣ бепарво набуда, тавсияи табибонро риоя кунанд.

16
Барчаспҳо:
Панҷшанбебозор, бозор, вируси нав, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон