Қонуни нав дар Русия, ки кори муҳоҷиронро мушкилтар мекунад

© Unsplash / Guilherme Cunha Рабочие на строящемся объекте
Рабочие на строящемся объекте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Русия тарҳи нави қонун қабул шудааст, ки ҳиссаи ҷоизи муҳоҷиронро дар бхши иқтисодӣ барои соли 2020 муайян мекунад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар Русия мехоҳанд дастрасии муҳоҷиронро ба кор дар бахши истиқодӣ кам кунанд, хабар медиҳад Вазорати меҳнати Русия.

Тарҳи ин қонун дар нишасти вижаи ҳукуматӣ қабул шудааст.

Русия гирифтани шаҳрвандиро барои собиқ донишҷӯёни хориҷ осон мекунад

Паспотр РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қонуни нав дар Русия: ба киҳо гирифтани шаҳрвандӣ осон мешавад

"Дар нишасти Комиссияи сеҷонибаи Русия оид ба муҳоҷират тарқи қонуни ҳукумати Федератсияи Русия "Дар бораи ҳиссаи ҷоизи муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт дар ҳудуди Русия" қабул шуд, - омадааст дар хабарнома.

Беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯч бастан ба Русия шуданд

Тарҳи қонун ҳиссаи муҳоҷиронро дар бахши иқтисоди се минтақаи Русия - шаҳри Маскав, вилояти Амур ва Бурятия кам хоҳад кард.

Ҳамчунин Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод карда, ки ҳиссаи муҳоҷиронро дар соҳаи кишоварзӣ низ, дар саросари Русия муайян кунанд.

Лентаи хабарҳо
0