Президент России Владимир Путин, архивное фото

Путин қонуни нав имзо кард, ки гирифтани шаҳрвандиро осон мекунад

3714
(Таҷдидшуда 13:17 20.09.2019)
Президенти Русия Владимир Путин қарореро имзо кард, ки муҳлати таҷрибаи кориро барои гирифтани шаҳрвандӣ, кам мекунад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Владимир Путин бо имзои қарори нав гирифтани шаҳрвандиро барои шаҳрвандони хориҷии дорои маълумоти олӣ ва ҷои кор, осон кард.

Тибқи қарор муҳлати таҷрибаи корӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷии соҳиби маълумоти олӣ, аз се сол ба як сол оварда шуд.

Русия гирифтани шаҳрвандиро барои собиқ донишҷӯёни хориҷ осон мекунад

Навгонӣ, аз 2 октябри соли 2019 амалӣ хоҳад шуд.

Беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯч бастан ба Русия шуданд

Ёдрас мешавем, ки пешниҳоди кам кардани муҳлати таҷрибаи корӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки дорои маълумоти олӣ ҳастанд, моҳи июн аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул гардид.

Қонуни нав дар Русия: ба киҳо гирифтани шаҳрвандӣ осон мешавад

Тибқи қарор, шаҳвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд, ки дорои маълумоти олӣ ҳастанд ва дар ҳудуди Федератсияи Русия басар мебаранду кор мекунанд, ҳуқуқ доранд ба таври содда соҳиби шиносномаи русӣ шаванд.

3714
Барчаспҳо:
осон мешавад, гирифтани шиносномаи русӣ, шиносномаи русӣ, гирифтани шаҳрвандӣ, Владимир Путин, Русия

Ҳалокати тоҷикистонӣ зери масолеҳи сохтмонӣ дар мағоза: харидор буд - видео

471
(Таҷдидшуда 14:44 07.08.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар мағозаи сохтмоние дар Тюмен фоҷиабор ба ҳалокат расид: Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ҳодиса парванда боз кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди як мағозаи сохтмонӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Россия 1 Тюмень".

Руҳулло Нурматов дар шаҳри Тюмен ба сифати сохтмончӣ кор мекард. Дар баробари фаъолият ба сохтмони хонаи худӣ машғул буд.

Шоми 4 август шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон барои интиқоли маводҳои фармоишдодашуда ба мағоза омад.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Дар қисмати боркунии маводҳои сохтмонӣ, замоне, ки плитаҳои тахтагинро ба дохили мошини боркаш бор мекарданд, боркунак ба дигар тараф тоб хӯрду масолеҳи сохтмонӣ ба сари Руҳулло чаппа шуд.

Нурматовро ба бемористон интиқол доданд, вале ҷароҳатҳои вазнин боиси марги ҷавон шуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон хонадор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Феълан аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

471
Барчаспҳо:
тоҷикистонӣ, муҳоҷир, ҳалокат, Тюмен

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

226
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

226
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия

Фавти 20 сарнишини ҳавопаймо дар Ҳиндустон: аснои фурӯд омадан ду қисм шуд - навор

0
(Таҷдидшуда 15:27 08.08.2020)
Ҳавопаймои Boeing 737 аз Дубай самти Ҳиндустон парвоз мекард ва гуфта мешавад дар дохили он аз 170 то 194 сарнишин қарор дошт

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар шаҳри Коҷикоде иёлати Керале дар Ҳиндустон ҳавопаймои ширкати Air India Express аснои дар фурудгоҳ нишастан ба ду қисм тақсим шуд.

Дар ин бора собиқ вазири фарҳанг ва сайёҳати ин кишвар Алфонс Каннантанам дар сафҳаи худ дар Твиттер хабар дод.

Ба изҳори собиқ вазир қисмати аввали ҳавопаймо ҷудо шуд ва ҳамаи сарнишинонро фавран аз дохили ҳавопаймо кӯч доданд. Аммо халабону чанд сарнишини дигар бар асари ин ҳодиса ҷон бохтанд, - изҳор дошт собиқ вазир.

Каннантанам аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ҳавопаймо оташ нагирифт ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин ҳодисаи нохуш ҳам ба маротиб кам шудааст.

Зимнан, бар хабари расонаҳои ин кишвар, бар асари суқути ҳавопаймо дасти кам 20 нафар ҷон бохтанд ва 140 сарнишини дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.

0