Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото

Оё бо сода гардидани дарёфти шаҳрвандии Русия, вуруди муҳоҷирони корӣ афзоиш меёбад?

343
(Таҷдидшуда 14:34 21.09.2019)
Қонуни наве, ки раисҷумҳури Русия бобати содда гардидани дарёфти шаҳрвандӣ барои хориҷиёни дорои маълумоти олӣ тоза ба тасвиб расонд, ба афзун шудани вуруди муҳоҷирони корӣ таъсир нахоҳад гузошт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Роҳбари иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатӣ Ринат Каримов зимни баромадаи худ дар  НСН  изҳор доштааст,  қонуни нав, ки аз ҷониби раисҷумҳур Владимир Путин бо тасвиб расид, ба афзоиш ёфтани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ таъсиргузор нахоҳад буд.

Пешсафии тоҷикон дар дарёфти шаҳрвандии Русия: 29 ҳазор дар як сол

Ба боварии Каримов, чун ба қонуни тоза тасвибшуда, танҳо кормандони соҳибихтисос мувофиқат мекунанд, аз ин рӯ афзун шудани вуруди муҳоҷирони корӣ, аз эҳтимол дур аст.

"Миёни нафароне, ки ба иттифоқи касаба муроҷиат мекунанд, аслан хоҳишмандони дарёфти кори мувафиқ бештар ҳастанд, назар ба онҳое,ки ба хотири дарёфти шаҳрвандӣ ба Русия мераванд", - илова намудаст Каримов.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Владимир Путин бо имзои қарори нав гирифтани шаҳрвандиро барои шаҳрвандони хориҷии дорои маълумоти олӣ ва ҷои кор, осон намуд.

Тибқи қарор муҳлати таҷрибаи корӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷии соҳиби маълумоти олӣ, аз се сол ба як сол оварда шуд.

Русия гирифтани шаҳрвандиро барои собиқ донишҷӯёни хориҷ осон мекунад. Навгонӣ, аз 2 октябри соли 2019 амалӣ хоҳад шуд.

343
Барчаспҳо:
барои дарёфти шаҳрвандӣ, Русия
Посольство Республики Таджикистан в Москве

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

2115
Муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард, иттилоъ дод РИА Новости.

Яке аз ҷабрдидаҳо, мутахассиси пешбари сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад, ки дасту бинияш шикаста, осеби майнаи сар бардоштааст. Ҷабрдидаи дигар ронанда будааст, ки мақоми дипломатӣ надошта ва ҷароҳати ҷисмонӣ низ набардоштааст, хабар дод ожонси хабарии “Москва”.

Аз ҳамлагар шаҳрванди бекормандаи Тоҷикистон зикр мешавад, ки соли таваллудаш 1982 мебошад.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

2115
Барчаспҳо:
сафорат, дипломатия, Тоҷикистон
Подпись документов

Путин сабукиҳои карантиниро барои муҳоҷирон тамдид кард: то 15 декабр

577
(Таҷдидшуда 12:14 24.09.2020)
Мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия то 15 декабри соли равон тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин сабукиҳои қарантиниро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия то 15 декабр тамдид кард.

Ҳуҷҷати зерин дар портали ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мутобиқи фармони роҳбари Федератсияи Русия, мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё доимии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия ва мӯҳлати сабти номашон дар маҳалли будубош то 15 декабр тамдид карда мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то миёнаҳои моҳи декабр аз Русия муҳоҷирон депорт кард намешавад.

Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо

Ёдрас мешавем, ки ҳукумати Русия дар давраи ҳамагирии коронавирус ду маротиба муҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷиро тамдид карда буд.

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Пештар барои муҳоҷирон то 15 июн ва баъд то 15 сентябр муҳлати буду бош тамдид карда шуд.

577
Барчаспҳо:
буду боши хориҷиён, тамдиди буду бош, Владимир Путин, тамдид, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия