Вывеска с названием Western Union, архивное фото

Муҳоҷирони тоҷик беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро ба ватан ирсол намуданд

167
(Таҷдидшуда 20:13 24.09.2019)
Давоми нимсолаи аввали соли равон муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ интиқол додаанд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ба иттилои Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ба ватан 462 миллион доллар ирсол намуданд.

Бар хабари манбаъ, аз ҳама беш муҳоҷирони тоҷик дар семоҳаи дуюм маблағ ба Тоҷикистон таҳвил додаанд. Гуфта мешавад дар семоҳаи дуюм аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ 649 миллион доллар ирсол гардидааст.

Зимнан бар хабари Вазорати умури дохилии Русия, дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои ИДМ ба андозаи 27 дарсад коҳиш ёфтаст

ВУД Русия меафзояд, ки тоҷикистониён аслдан ба русия барои дарёфти кор меоянд.

167
Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷирон, интиқоли пул, Русия
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Бино бар пандемия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав бекор монданд

384
(Таҷдидшуда 18:55 16.09.2020)
Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони пандемия бекор монданд ва теъдоди ками онҳо барои худ пул захра карда буд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи таҳлилҳои Гурӯҳи таҳқиқоти муҳоҷират ва этнетикии Русия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони паҳншавии вируси корона бекор монданд.

Коршиносон миёни муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи таъсири пандемия ба кору зиндагии онҳо дар Маскав назарсанҷӣ анҷом доданд.

Зимни назарсанҷӣ маълум шуд, ки 74 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми пандемия аз кор хориҷ ё ба рӯхсатии бардавом меҳнатӣ бидуни пардохти маблағ равон карда шуданд.

Ҳамзамон зимни ин назарсанҷи маълум шуд, ки танҳо 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар даврони пандемия пул захира кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 13 дарсади муҳоҷирон корӣ барои муҳлати дарозтар пули бештар захира кардаанд.

Ҳамчунин зимни гуфтугӯ бо рӯзномаи “КП” раиси федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, гуфт аксари муҳоҷирон омода буданд, пулҳояшонро сарфа кунанд. Ба гуфтаи вай муҳоҷирон мехостанд пандемияро дар Маскав  паси сар кунанд то барои кор ба кишварҳои мухталиф нараванд.

“Бештар кор дар минтақаҳои гуногуни Русия дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасид. Дар сомона беш аз 7-8 ҳазор нафар сабти ном шуда буд. Аз ҳамин ҳазорҳо нафар танҳо 40 нафар барои кор омодагии худро нишон доданд”, - таъкид дошт Коженов.

Вай илова кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав омода буданд бо хароҷоти ночиз бимонанд ва баъд аз маҳдудиятҳо ба кори пешина ё ба кори монанд баргарданд.

“Як одат шудааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия барои кор кардани пул  меояд, то ки як қисми пули коркардаашро барои оилааш равон кунад. Аммо баъзеҳояшон дигар мақсад доранд. Онҳао ба Маскав меоянд ва мегуянд: ман мехоҳам дар ин шаҳр бимонам ва ҳар коре бо ман кунед ман аз ин ҷо  ҳеҷ куҷо намеравам”, таъкид кард раиси раиси федератсияи муҳоҷирони Русия.

384
Барчаспҳо:
теъдод, захира, пул, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷират, Маскав, Русия
Процедура дактилоскопии, архивное фото

Аз изи ангушт то...: генерал Казакова гуфт, муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна назорат мешаванд

347
(Таҷдидшуда 10:51 13.09.2020)
Сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова, зимни як нишасти гуфт, ки муҳоҷирон  чигуна назорат мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Валентина Казакова гуфт, ки тамоми технологияҳои нави мавҷуда аз ҷониби Раёсати муҳоҷират барои назорати омадани хориҷиён ба қаламрави Русия истифода мешаванд.

Сардори Сарраёсати муҳоҷират гуфт, ки муҳоҷирони зиёде, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, маълумотҳои муқаррарии худро тағир додаву дубора меоянд.

Аммо, тавре Казакова қайд кард, маълумоти изи ангуштро фиреб додан мумкин нест.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки зарурати гузаштани изи ангушт ба тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки зиёда аз 30 рӯз меоянд, вуҷуд дорад.

Инчунин, барои ҳисоб кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аллакай ба Русия ворид шудаанд, системаи шинохти чеҳра истифода мешавад.

Казакова: пандемия Русияро ба соддагардонии ҳаёти муҳоҷирон водор кард

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки барои ҳамаи онҳое, ки ба Русия меоянд, инчунин ташхиси тиббӣ талаб карда мешавад.

Ӯ гуфт, вақти он расидааст, ки чизеро тағир диҳем ва онро ба самти беҳтар равона созем.

347
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

0
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон