Лейтенант полиции проверяет документы у мигрантов

То 7 сол зиндон: дар Русия ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сангинтар мешавад

755
(Таҷдидшуда 21:01 15.10.2019)
Ҷазо барои кумак ба буду боши ғайриқонунии муҳоҷирон, дар ҳудуди Федератсияи Русия, сангинтар мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Думаи давлатии Русия қонуни Кодекси ҷиноии кишварро дар бораи ҷавобгарӣ барои миёнаравӣ дар муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ислоҳ кард. Санади мазкур дар торномаи расмии Дума нашр шудааст.

Кодекси ҷиноии Русия бо ҷазои ашхосе, ки барои буду боши ғайриқонунии муҳоҷирон бо истифода аз вазифа кумак мекунанд, пурра карда шудааст.

Дар ин ҳолат айбдоршавандаро то ҳафт соли зиндон ё то ним миллион рубл ҷарима интизор аст.

Ҳамчунин дар ин қонун барои нафароне, ки барои ворид шудани ғайриқонунии муҳоҷирон ё буду боши онҳо дар ҳудуди Русия миёнаравӣ мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Дар чунин ҳолат додгоҳ ҳуқуқ дорад, айбдоршавандаро то 200 ҳазор рубл ҷарима баста ба корҳои иҷборӣ равон кунад ё то се сол ба маҳбас фиристад.

Қайд мешавад, ки имрӯзҳо дар ҳудуди Русия, ташкилотҳои зиёде вуҷуд доранд, ки таҳти сарлавҳаи "машварат оид ба буду боши муҳоҷирон" ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода мекунанд.

Ба фикри муаллифони қонун, ин навъи ҷавобгарӣ даст медиҳад, то миёнаравҳо ба таври оперативӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

755
Барчаспҳо:
ҷазо, ғайриқонунӣ, муҳоҷират, Русия

Ҳалокати тоҷикистонӣ зери масолеҳи сохтмонӣ дар мағоза: харидор буд - видео

248
(Таҷдидшуда 14:44 07.08.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар мағозаи сохтмоние дар Тюмен фоҷиабор ба ҳалокат расид: Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ҳодиса парванда боз кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди як мағозаи сохтмонӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Россия 1 Тюмень".

Руҳулло Нурматов дар шаҳри Тюмен ба сифати сохтмончӣ кор мекард. Дар баробари фаъолият ба сохтмони хонаи худӣ машғул буд.

Шоми 4 август шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон барои интиқоли маводҳои фармоишдодашуда ба мағоза омад.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Дар қисмати боркунии маводҳои сохтмонӣ, замоне, ки плитаҳои тахтагинро ба дохили мошини боркаш бор мекарданд, боркунак ба дигар тараф тоб хӯрду масолеҳи сохтмонӣ ба сари Руҳулло чаппа шуд.

Нурматовро ба бемористон интиқол доданд, вале ҷароҳатҳои вазнин боиси марги ҷавон шуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон хонадор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Феълан аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

248
Барчаспҳо:
тоҷикистонӣ, муҳоҷир, ҳалокат, Тюмен

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

223
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

223
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия
Задержание пранкеров в Душанбе

Боздошти "пранкерон": ҳабси Шаҳриёри Давлат ва 2 ҳаммаслаконаш - видео

0
(Таҷдидшуда 17:07 07.08.2020)
Кормандони мақомоти милитсияи Душанбе дар асоси муроҷиати шаҳрвандон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, пранкерон Шаҳриёри Давлат ва 2 ҳаммаслаконашро боздошт кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Чанде пеш дар ютуб-шабакаи шахсии сарояндаи ҷавон Шаҳриёр Давлатов навор ё ба истилоҳ «пранк»-е нашр гардид, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд.

Бино ба гузориши Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навори мазкур мавриди вокуниши манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати чунин блогерон чораандешӣ карда шавад.

Дар паи санҷиши РВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардидааст, ки навори мазкур қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулки шабака, яъне Шаҳриёри Давлат гӯё ба хотири санҷиш ва мушоҳидаи вокуниши ӯ омода гаштааст.

Дар навори мазкур дида мешавад, ки ҷавонони ҳамкор ва ё шогирдони Шаҳриёр чархҳои автомашинаи ӯро кушода, ба истилоҳ ӯро «пранк» намуда, мехоҳанд вокуниш ва ҷавоби Шаҳриёрро дар чунин ҳолат мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дар натиҷа Шаҳриёр Давлатов чуноне дар навор дида мешавад бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, ҳамзамон дидаву дониста ин наворро, ки дорои саҳнаи хушунат ва алфози қабеҳ мебошад дар шабакаи худ нашр намудааст.

Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба ҳолати мазкур як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, Давлатов Шаҳриёр Нусратович соли таваллудаш 07.09.1991, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш ҷамоати деҳоти Киров-1, деҳаи Қуштеппа, Мирзоев Дилшод Нодирович соли таваллудаш 25.06.1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳотӣ Лоҳур, деҳаи Гулисой ва Солеҳзода Фарҳод Файзулло соли таваллудаш 12. 10.1992. истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Ҳасан-Ҳусейн, деҳаи Тилло Солеҳ дастгир ва нисбаташон чораандешӣ карда шуд.

Задержание пранкеров в Душанбе
Задержание пранкеров в Душанбе

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуданд.

0
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Тоҷикистон