Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото

Нархи патент аз соли 2020 боз гаронтар мешавад

970
(Таҷдидшуда 20:26 18.10.2019)
Ҳукумати Маскав тасмим гирифтааст, сар аз соли 2020 арзиши патентро боз ҳам гарон кунад. Шаҳрдори Маскав тасмими қиммат намудани патентро ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон арзёби намудаст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Интизор меравад, сар аз соли 2020 патент барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав боз ҳам қимматтар шавад. Қарори мазкур дар ҷаласаи раёсати ҳукумати шаҳри Маскав гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ҳамакнун нархи патент аз 5000 рубли русии феълӣ то 5350 рубл гаронтар мешавад. Гарон намудани арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав давоми ҳар сол ба ҳукми анъана даромадаст.

Лоиҳаи қонун дар Қирғизистон: тоҷикистониён барои кор патент гиранд

Агар соли 2018 арзиши Патент 4500 рубл буд, бо гузашти ҳамагӣ ду сол онро то 5350 рубл қимматттар намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки арзиши миёнаи патент дар тамоми минтақаҳои Русия ба 3.9 ҳазор рубл баробар аст.

Қаблан, раисҷумҳури  Русия Владимир Путин аз мақомот дархост карда буд, ки гирифтани патентро барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрас кунанд ва ба он дигар гарониро зам накунанд.

Русия аз ҳисоби фурӯши патент 57 миллиард рубл даромад гирифт

Зимнан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин далели боло рафтани арзиши патентро ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон арзёбӣ намуд.

970
Барчаспҳо:
гарон, патент, нарх