Здание парламента Республики Таджикистан

Парлумони Тоҷикистон вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро нигаронкунанда хонд

403
(Таҷдидшуда 02:57 23.11.2019)
Парлумони Тоҷикистон шароити муҳоҷирони тоҷик, ки дар қаламрави Русияро кору зиндагӣ мекунанд нигаронкунанда арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Хусусан, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вазъияти  муҳоҷирони тоҷик дар Русияро нигаронкунанда гуфт.

"Ман аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори ташвиш мекунам. Қисми ками муҳоҷирони тоҷик, ки  шаҳрвандии Русияро гирифтанд, зиндагии каме беҳтар доранд, вале нисфи шаҳрвандҳои мо дар шароити вазнин зиндагӣ ва кор мекунанд. Аксар муҳоҷирон ҳатто дар пардохти пули патент азият мекашанд", - афзудааст Зуҳуров дар ҷаласаи парлумон.

Ба гуфтаи Зуҳуров, "сарони давлатҳо, вакилони парлумони ҳар ду кишвар борҳо  ҳангоми мулоқотҳои расмӣ вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ карданд. Маскав чун пайваста ин мушкилиҳоро рӯйпуш мекунад ва ҳамаашро хуб, хуб мегӯяд, аз ин рӯ вазъи муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави он кишвар бетағйир боқӣ мондааст.

Зуҳуров ҳамзамон аз ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо сари чанд масъала тамаркуз намуда, афзуд, ки Русия давоми даҳ соли охир аз имзо намудани 3-4 масъалаи муҳиме, ки мавҷуданд худдорӣ мекунад.

Раҳимов: мушкили аслии муҳоҷирон талаби ҳуҷҷатҳо аз ҷониби пулис аст

Илова бар ин, раиси палатаи поёнии парлумон афзудаст, ки  мақомот бояд тамоми корҳоро анҷом диҳанд, то шаҳрвандони тоҷике, ки ба муҳоҷират мераванд, ҳатман забон ва қонунҳои он давлатро хуб донанд, ва ҳамзамон соҳибкасб бошанд.

 Маврид ба зикр аст, ки имсол муҳоҷирони тоҷик наздики 2,5 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки нисбат ба соли гузашта бештар аст.

403
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, вазъият, Тоҷикистон, Парлумон
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Бино бар пандемия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав бекор монданд

388
(Таҷдидшуда 18:55 16.09.2020)
Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони пандемия бекор монданд ва теъдоди ками онҳо барои худ пул захра карда буд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи таҳлилҳои Гурӯҳи таҳқиқоти муҳоҷират ва этнетикии Русия 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони паҳншавии вируси корона бекор монданд.

Коршиносон миёни муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи таъсири пандемия ба кору зиндагии онҳо дар Маскав назарсанҷӣ анҷом доданд.

Зимни назарсанҷӣ маълум шуд, ки 74 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми пандемия аз кор хориҷ ё ба рӯхсатии бардавом меҳнатӣ бидуни пардохти маблағ равон карда шуданд.

Ҳамзамон зимни ин назарсанҷи маълум шуд, ки танҳо 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар даврони пандемия пул захира кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 13 дарсади муҳоҷирон корӣ барои муҳлати дарозтар пули бештар захира кардаанд.

Ҳамчунин зимни гуфтугӯ бо рӯзномаи “КП” раиси федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, гуфт аксари муҳоҷирон омода буданд, пулҳояшонро сарфа кунанд. Ба гуфтаи вай муҳоҷирон мехостанд пандемияро дар Маскав  паси сар кунанд то барои кор ба кишварҳои мухталиф нараванд.

“Бештар кор дар минтақаҳои гуногуни Русия дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасид. Дар сомона беш аз 7-8 ҳазор нафар сабти ном шуда буд. Аз ҳамин ҳазорҳо нафар танҳо 40 нафар барои кор омодагии худро нишон доданд”, - таъкид дошт Коженов.

Вай илова кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав омода буданд бо хароҷоти ночиз бимонанд ва баъд аз маҳдудиятҳо ба кори пешина ё ба кори монанд баргарданд.

“Як одат шудааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия барои кор кардани пул  меояд, то ки як қисми пули коркардаашро барои оилааш равон кунад. Аммо баъзеҳояшон дигар мақсад доранд. Онҳао ба Маскав меоянд ва мегуянд: ман мехоҳам дар ин шаҳр бимонам ва ҳар коре бо ман кунед ман аз ин ҷо  ҳеҷ куҷо намеравам”, таъкид кард раиси раиси федератсияи муҳоҷирони Русия.

388
Барчаспҳо:
теъдод, захира, пул, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷират, Маскав, Русия
Процедура дактилоскопии, архивное фото

Аз изи ангушт то...: генерал Казакова гуфт, муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна назорат мешаванд

349
(Таҷдидшуда 10:51 13.09.2020)
Сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова, зимни як нишасти гуфт, ки муҳоҷирон  чигуна назорат мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Валентина Казакова гуфт, ки тамоми технологияҳои нави мавҷуда аз ҷониби Раёсати муҳоҷират барои назорати омадани хориҷиён ба қаламрави Русия истифода мешаванд.

Сардори Сарраёсати муҳоҷират гуфт, ки муҳоҷирони зиёде, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, маълумотҳои муқаррарии худро тағир додаву дубора меоянд.

Аммо, тавре Казакова қайд кард, маълумоти изи ангуштро фиреб додан мумкин нест.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки зарурати гузаштани изи ангушт ба тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки зиёда аз 30 рӯз меоянд, вуҷуд дорад.

Инчунин, барои ҳисоб кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аллакай ба Русия ворид шудаанд, системаи шинохти чеҳра истифода мешавад.

Казакова: пандемия Русияро ба соддагардонии ҳаёти муҳоҷирон водор кард

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки барои ҳамаи онҳое, ки ба Русия меоянд, инчунин ташхиси тиббӣ талаб карда мешавад.

Ӯ гуфт, вақти он расидааст, ки чизеро тағир диҳем ва онро ба самти беҳтар равона созем.

349
Пост БДА в Хороге, архивное фото

Сангзанӣ дар Хоруғ баъди футбол: ВУД теъдоди маҷруҳон ва иншооти осебдидаро гуфт

999
(Таҷдидшуда 10:02 21.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия сангзанӣ дар шаҳри Хоруғро шарҳ додааст, ки дар пайи он беш аз 20 нафар ҷароҳат бардоштанд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 19 сентябри соли 2020, соати 19:00 дар майдончаи варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2, воқеъ дар маҳаллаи "Гулакен"-и шаҳри Хоруғ байни дастаҳои маҳаллаҳои "Гулакен" ва "Хоруғи боло"-и шаҳри Хоруғ бозии нимфиналии футбол баргузор гардид.

Манбаъ афзуд, ки баъди ба анҷом расидани бозӣ соати 20:00 байни мухлисони маҳаллаҳои Гулакен ва Хоруғи боло муноқишаи гурӯҳӣ ба амал омад.

"Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 адад шишаҳои тирезаи МТМУ №2 дар шаҳри Хоруғ, 7 шишаҳои хонаҳои истиқоматӣ, 6 адад автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаҳои тирезаи бинои БДА "Амонатбонк" шикаста шудааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гурӯҳи авбошон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. ВУД афзудааст, ки чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҷустуҷӯ намудани гунаҳкорон гузаронида шуда истодааст.

Феълан назари худи иштирокдорони қазия маълум нест.

999
Барчаспҳо:
Футбол, Хоруғ, Тоҷикистон