Российский паспорт

ВКД гуфт, чанд тоҷикистонӣ соли 2019 шаҳрванди Русия шуд

1041
(Таҷдидшуда 14:16 25.11.2019)
Ба шаҳрвандони хориҷӣ дар соли 2019 нисбат ба соли гузашта 48 дарсад шаҳрвандии Русия зиёдтар дода шудааст. Таъкид шудааст, ки шаҳрвандии Русия бештар дар вилояти Ростови ин кишвар дода шудааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷиратии Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандии ин кишварро нисбат ба соли гузашта якуним баробар бештар додаанд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Известия” дар истинод ба ВКД.

Хадамот таъкид намудааст, ки Русия дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта  ба шаҳрвандони хориҷӣ 48 дарсад бештар шиносномаи ин кишвар дода шудааст.

Тибқи маълумоти ВКД ин кишвар, дар Русия 285 ҳазор шаҳрванд зиёдтар шудааст. Аз ин шумора 146 ҳазор нафар шаҳвандони Украина, 35 ҳазор Қазоқистон ва 30 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Инчунин соҳиби шиносномаҳои русӣ шаҳрвандони Арманистон (17 ҳазор), Узбакистон (17 ҳазор) ва Молдова (11,5 ҳазор) низ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд намудааст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаҳои русиро бештар дар вилояти Ростов (71 ҳазор), Маскав ва атрофи вилояти Маскав (10 ва 18 ҳазор), минтақаи Краснодар, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград (10 ҳазорӣ)  супоридаанд.

Русия дар як сол ба 268 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандӣ дод

Ин амал бештар ба хотири содагардонии қоидаҳои гирифтани шаҳрвандӣ сурат гирифтааст. Қонуне, ки ин равандро осон кардааст 2 октябри соли равон қабул карда шудааст.

Тибқи тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонуни ба даст овардани шаҳрвандӣ, акнун муҳоҷирон метавонанд ҳамагӣ дар Русия як сол таҷрибаи кор дошта бошанд. Қаблан собиқаи кории шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия се солро ташкил медод.

Ҳамзамон, Вазоратии иқтисоди Русия лоиҳаеро пешниҳод намудааст, ки тибқи он муҳоҷирони меҳнатӣ дар сурати гирифтани шаҳрвандии Русия шаҳрвандии пешинаашонро ҳифз хоҳанд кард.

1041
Барчаспҳо:
Ростов, Русия, шаҳрвандӣ, муҳоҷир, Тоҷикистон