Русия созишнома бо Тоҷикистонро тасвиб кард: Раҳмон гуфт, иҷрояш барои муҳоҷирон муҳим аст

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат созишнома бо Русия дар мавриди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро тасдиқ кард. Шӯрои Федератсияи Русия низ имрӯз созишномаи мазкурро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта имзо кард, Созишнома  дар хусуси ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия баъди анҷоми расмиёти дохилӣ тасдиқ шуд.

Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Охирин паёми Раҳмон ба парлумони феълӣ: аз қарори Убайдуллоев то раиси оянда

Раисиҷумҳур Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро вазифадор кардааст, ки ҷониби Русияро дар бораи анҷоми расмиёти дохилӣ барои мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур, огоҳ созад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки барои татбиқи созишнома чораҷӯӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбаташ дар бораи созишномаи мазкур гуфт, “мавриди иҷро қарор гирифтани ин санад барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия муҳим мебошад”.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия дар охирин ҷаласаи имсолааш Созишнома дар хусуси ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русияро ба тасвиб расонд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Афв, патент ва интихоботи 2020: Раҳмон ба муҳоҷирон аз гуфтушунид бо Путин гуфт

Тибқи иттилои Шӯрои Федератсия, бар асоси созишнома мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандонашонро дар мавриди ҷойҳои корӣ, тартиби муҳоҷирати муташаккилона огоҳ хоҳанд кард. Ҷониби Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки довталабони кор дар Русия, ки дорои малакаю таҷрибаи корӣ мебошанд, тибқи дархости корфармо таъмин кунад, барои такмили ихтисос ё бозомӯзӣ чора андешад. Инчунин мақомоти тоҷик бояд, бисанҷанд, ки довталабони кор дар Русия таҳти пайгарди байналмилалӣ набошанду ҷазои адонашударо надоранд.

Парлумони Русия таъкид кардааст, ки корфармоён дар интихобу ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок карда, барои дар қайд мондани муҳоҷирону дигар расмиёти қонунӣ уҳдадор мебошанд.

Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия роҳат бошанду бумиҳоро ошуфта накунанд-видео

Ҷониби Русия таъкид кардааст, ки ин чорабиниҳо барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кор дар Русияро доранд, мусоидат мекунад. Сенаторҳои Русия мегӯянд, созишнома имкон медиҳад, муҳоҷирони соҳибтаҷриба дақиқ, тариқи суроғавӣ бо кор таъмин гарданд.

Дар санад таъкид шудааст, дар сурати анҷоми муҳлати созишномаи меҳнатӣ, ё анҷоми муҳлати иҷозатномаи кор шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст, давоми 15 рӯзи тақвимӣ қаламрави Русияро тарк кунад, ё дар назди корфармои дигар бо дарёфти иҷозатномаи кор ба фаъолият оғоз кунад.

Ин санад моҳи апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои русиягияш Владимир Путин имзо шуда, акнун баъди анҷоми расмиёти дохилӣ мавриди амал қарор мегирад.

Лентаи хабарҳо
0